Иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ операи «Иоланта»-ро тамошо карданд

Сентябрь 19, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 18 сентябр иштирокчиёни он ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо фаъолияти ин боргоҳи ҳунар шинос шуданд.

Меҳмононро дар саҳни театр бо садои карнай самимона истиқбол гирифтанд. Роҳбарияти театр ба меҳмонон дар бораи фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балет маълумот доданд. Баъд аз тамошои гӯшаҳои алоҳидаи театр ба ҳайати меҳмонон яке аз спектаклҳои ҷаҳонӣ-операи «Иоланта»-и Пётр Чайковский пешкаш карда шуд, ки ба ҳозирин хеле хуш омад.

Операи «Иоланта» аз ду парда иборат буда, дар он аксари ҳунармандони таҷрибадору ҷавони театр нақш меофаранд. Ҳодисаҳои асар дар мавзеъҳои кӯҳии қисмати ҷанубии Франсия дар асри 15 сурат мегиранд. Мавзӯи ин намоиш ишқу муҳаббат ва садоқату вафодорӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар кори ҷаласа ба  соҳаи театр  низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳамин гуна қарор карда шуд, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ моҳи октябри соли равон бо барномаи фарҳангӣ ба шаҳри Самарқанд сафар намояд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   ба кори худ оғоз бахшид ва дар ҷараёни он шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли  2021  эълон гардид.

Сентябрь 19, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд