Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ ба бузургдошти солгарди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дастаи ҳунарии овозхони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки бо даъвати ҷониби туркӣ ба Туркия ташриф бурд, дар Ҷашнвораи байналмилалии 16-уми мусиқии орифона ба муносибати бузургдошти солгарди 812-уми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳунарнамоӣ кард. Дар зимн намунаҳои барҷастаи ашъори Мавлоно пешкаши ҳозирин карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҷашнвора бо ибтикори устондори Кунияи Ҷумҳурии Туркия 22-30 сентябр дар он шаҳр баргузор мешавад.
Бар асоси барномаи ҷашнвора як рӯзи он барои ҳунарнамоии дастаи ҳунарӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда буд. Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии мамлакат аз истиқболи тамошобинон бархӯрдор гардид.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






