«МАРДИ РОҲ». Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии нашри китоби машҳури Лоиқ Шералӣ маҳфил доир гардид

Сентябрь 16, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Марди роҳ»-и Лоиқ Шералӣ-таконбахши шеъри замон»-таҳти ин унвон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки васеи аҳли адаб ва донишҷӯён бахшида ба 40 – солагии ба нашр расидани ин асари мондагори шоири маҳбуби халқи тоҷик маҳфили хотирмону пурмӯҳтаво доир гардид.

Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, ёдовар шуд, ки Лоиқи ҳанӯз ҷавон ба шарофати як шеъри ба модар бахшидааш бо тавсияи устоди бузурги каломи бадеъ Мирзо Турсунзода  бар хилофи муқаррароти он давра бидуни чопи ягон маҷмӯа  ба узвияти ин Иттифоқи бонуфуз пазируфта шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон, адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Аскар Ҳаким дар маърӯзаи худ бо овардани далелҳои зиёд таъкид сохт, ки устод Лоиқ Шералӣ бо шарофати истеъдоди худододи хориқулодааш аз худ осори гаронбаҳою мактаби бузурги эҷодӣ ба ёдгор мондаву имрӯз ҳам аз маҳбубтарин ва серхонандатарини шоирони замон аст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад гуфт, ки ҳар як китоби тозанашри устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ рӯйдоди адабию фарҳангӣ буд ва хонандагон онҳоро бесаброна интизор мешуданд. Он китобҳо дар мағозаҳо дар чанд рӯз бо теъдоди зиёд ба фурӯш мерафтанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ аз ғамхорию дастгирии устод Лоиқ дар ҳаққи адибони ҷавон дар мисоли худу дигарон ёдовар шуд.

Нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори варзида Бахтиёри Муртазо дар бораи ҳамкориҳояш бо устод Лоиқ дар рӯзномаи ҷавонон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» нақл кард.

Сардабири нашрияи мазкур Рустами Ваҳҳоб низ дар бораи сабку услуби шоир андешаҳои ҷолиб баён кард.

Дар фарҷом донишҷӯён шеърҳои устод Лоиқ Шералиро, ки дар саросари Тоҷкистон вирди забон буда, дар Эрону Афғонистон ҳам маъруфанд, қироат намуданд.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҷлили солгарди асарҳои барҷастаи адибони мамлакат ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Дар ду-се соли охир дар ин ҷо ба муносибати 80 —  солагии повести «Марги судхӯр» ва 70 – солагии «Ёддоштҳо» — и С. Айнӣ, 70 – солагии романи Ф. Ниёзӣ «Вафо», повести «Дар он дунё» — и Ф. Муҳаммадиев, 50 – солагии повести «Об аз куҷо меояд?» — и А. Шукӯҳӣ, 40 – солагии достонҳои «Исёни хирад» — у «Сурӯши Сталинград»- и М. Қаноат ва 30-солагии «Се рӯзи як баҳор» — и С. Турсун маҳфилҳои басо ҷолибу омӯзанда баргузор гардиданд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»