«МАРДИ РОҲ». Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии нашри китоби машҳури Лоиқ Шералӣ маҳфил доир гардид

Сентябрь 16, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Марди роҳ»-и Лоиқ Шералӣ-таконбахши шеъри замон»-таҳти ин унвон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки васеи аҳли адаб ва донишҷӯён бахшида ба 40 – солагии ба нашр расидани ин асари мондагори шоири маҳбуби халқи тоҷик маҳфили хотирмону пурмӯҳтаво доир гардид.

Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, ёдовар шуд, ки Лоиқи ҳанӯз ҷавон ба шарофати як шеъри ба модар бахшидааш бо тавсияи устоди бузурги каломи бадеъ Мирзо Турсунзода  бар хилофи муқаррароти он давра бидуни чопи ягон маҷмӯа  ба узвияти ин Иттифоқи бонуфуз пазируфта шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон, адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Аскар Ҳаким дар маърӯзаи худ бо овардани далелҳои зиёд таъкид сохт, ки устод Лоиқ Шералӣ бо шарофати истеъдоди худододи хориқулодааш аз худ осори гаронбаҳою мактаби бузурги эҷодӣ ба ёдгор мондаву имрӯз ҳам аз маҳбубтарин ва серхонандатарини шоирони замон аст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад гуфт, ки ҳар як китоби тозанашри устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ рӯйдоди адабию фарҳангӣ буд ва хонандагон онҳоро бесаброна интизор мешуданд. Он китобҳо дар мағозаҳо дар чанд рӯз бо теъдоди зиёд ба фурӯш мерафтанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ аз ғамхорию дастгирии устод Лоиқ дар ҳаққи адибони ҷавон дар мисоли худу дигарон ёдовар шуд.

Нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори варзида Бахтиёри Муртазо дар бораи ҳамкориҳояш бо устод Лоиқ дар рӯзномаи ҷавонон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» нақл кард.

Сардабири нашрияи мазкур Рустами Ваҳҳоб низ дар бораи сабку услуби шоир андешаҳои ҷолиб баён кард.

Дар фарҷом донишҷӯён шеърҳои устод Лоиқ Шералиро, ки дар саросари Тоҷкистон вирди забон буда, дар Эрону Афғонистон ҳам маъруфанд, қироат намуданд.

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҷлили солгарди асарҳои барҷастаи адибони мамлакат ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Дар ду-се соли охир дар ин ҷо ба муносибати 80 —  солагии повести «Марги судхӯр» ва 70 – солагии «Ёддоштҳо» — и С. Айнӣ, 70 – солагии романи Ф. Ниёзӣ «Вафо», повести «Дар он дунё» — и Ф. Муҳаммадиев, 50 – солагии повести «Об аз куҷо меояд?» — и А. Шукӯҳӣ, 40 – солагии достонҳои «Исёни хирад» — у «Сурӯши Сталинград»- и М. Қаноат ва 30-солагии «Се рӯзи як баҳор» — и С. Турсун маҳфилҳои басо ҷолибу омӯзанда баргузор гардиданд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт