Масъалаи тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,23.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ имрӯз дар Душанбе зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Дабири кулли ин Созмон Кунио Микурия, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ташрифи меҳмони баландпоя –Дабири кулли СҶГ Кунио Микурияро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, хостори ҳарчӣ бештари таҳкими ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гардид.
Хуршед Каримзода афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти мақомоти гумруки Тоҷикистон, хусусан тақвияти инфрасохтори он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Далели ин қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мебошад, ки самти асосии он ба ислоҳоти соҳа, таъмини техникӣ ва модернизатсияи инфрасохтори мақомоти гумруки мамлакат нигаронида шудааст.
Бо дахли ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Хуршед Каримзода афзуд, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо мақомоти гумруки 15 давлати ҷаҳон бо мақсади тавсеаи ҳамкории гумрукӣ беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Ҳамзамон Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон доир ба фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат сухан карда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 адад, бо Афғонистон 7 адад, Қирғизистон 5 адад ва Чин 1 гузаргоҳи сарҳадии расмӣ дорад. Аз теъдоди умумии дидбонгоҳҳои гумрукии дар мамлакат фаъол 35 ададро дидбонгоҳи гумрукии назисарҳадӣ, 18 дохилӣ, 25 автомобилӣ, 4 дидбонгоҳи гумрукӣ дар роҳи оҳан, 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар майдонҳои ҳавоӣ ва 1 обӣ ташкил медиҳад.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо СҶГ дар самти мусоидат ба таҳким ва мукаммалгардонии Системаи иттилотии автоматонидашудаи ягонаи /СИАЯ/ мақомоти гумрук тариқи пешниҳоди таҷҳизот ва технологияи муосири иттилотӣ, таъминоти коммуникатсионӣ ва барномавии СИАЯ инчунин муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо таҷҳизоти муосири назорати гумрукӣ аз ҷониби давлатҳои рушдёфтаи аъзои СҶГ, ҷалби кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон ба курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, ки дар доираи муқаррароти Стратегияи СҶГ барои солҳои 2019-2022 барои кормандони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои СҶГ ташкил мегарданд, баррасӣ шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки бо мақсади такмили фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар оянда ташкил намудани курсҳои бозомӯзии кормандони мақомоти гумруки кишварҳои ҳамсоя, масъалаи гирифтани иҷозатномаи СҶГ барои Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамчун Донишкадаи минтақавии СҶГ баррасӣ карда шавад.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо СҶГ баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»










ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






