МАВЛОНОИ БУЗУРГ – ҲАМДИЁРИ ВАХШОНИИ МОСТ! Чунин арз намудааст Қиёмиддин Сатторӣ дар як нигориши таҳлилии худ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сентябрь 30, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Пас аз понздаҳ соли Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафари расмӣ анҷом доданд ва зимни сафар турбати Мавлоно Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуданд. Бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдӯстона ва наҷиби Сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2007  800солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар кишварҳои  Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Ин санаи муҳим ва фархунда дар тамоми нуқоти олам бо қарори ЮНЕСКО  таҷлил гардид. 

Дар нигоштае, ки дар зер пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем, корманди Маркази  тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қиёмиддин Сатторӣ бо овардани далелу бурҳон дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  будани мулки Вахшонзамин ибрози назар намудааст.

Қиёмиддин Сатторӣ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш омад ва шабе дар хонаи шоир ва рӯзноманигор, шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил банда низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи Ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ӯ изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонидааст.

«Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рӯ, камина дар китоби худ зикр намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ – Баҳоуддин Валад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ӯро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ  ҷамъоварӣ намоям. Тайи се рӯзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст»,-изҳор намуд мавсуф.

Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дӯстдорони китоб»  дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз нашриёти шаҳри Москва  ба табъ  мерасад.

Баъди ин мулоқот бори дигар китоби Радий Фиш – «Ҷалолиддини Румӣ»-ро мутолиа кардам ва қарор додам, ки дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мақолае нависам. Хушбахтона, «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румиро дарёфт кардам, ки дар Эрон нашр гардида буд. Муаллифи пешгуфтори ин китоби арзишманд донишманди маъруфи эронӣ, доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфар, ки беш аз чиҳил соли ҳаёти худро ба таҳқиқи зиндагӣ ва осори Ҷалолиддини Румӣ бахшидааст, навиштааст, ки Мавлоно на аз Рум, на аз Балхи Афғонистон, балки аз сарзамини Вахши Тоҷикистон аст.  Банда дар асоси гуфтаҳои доктор Фурӯзонфар ва Радий Фиш мақолае навишта, дар рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» чоп кардам, вале, мутаассифона, дар он замони карахтӣ ва тоталитарии шӯравӣ гӯши суханшунав ва дидаи эътибор дар ин бобат набуд.

Бояд гуфт, ки  Вахшонзамин таърихи хеле ғанӣ ва бостонӣ дорад. Агар ба таври мухтасар ва иҷмолӣ ба таърихи ин сарзамин нигарем, возеҳу равшан дида метавонем, ки ин пораи хоки аҷдодии тоҷикон саҳифаҳои рангин, фоҷиаомезу пурифтихореро  дорост.

Бояд гуфт, ки дар байни мардум ақидаи нодуруст ва носолиме  роиҷ аст, ки гӯё водии имрӯзаи зарнисори Вахш дар гузашта, яъне то Инқилоби Бухоро як мавзеи ноободу касногузар, ақибмондаву камаҳолӣ, найзору ботлоқзор  буд ва танҳо солҳои сиюми қарни бист, яъне даврони шӯравӣ обёриву обод ва ба макони «тиллои сафед»  ва дигар навъҳои зироату меваҷот табдил дода шуд.

Оё чунин пиндор ва андеша ҳақиқати илмиву таърихӣ дорад? Беҳтараш,  биёед, барои ба ин суолҳо посухи аниқ пайдо кардан саҳифаҳои таърихи ин водии зарнисорро лаҳзае варақ  занем.

Нахуст бояд дар бораи номи ин сарзамин сухан гуфт, ки он кай пайдо шудааст ва чӣ маъною мафҳумро ифода мекунад? Ба ақидаи олимони таърихшинос ва забоншинос, калимаи «Вахш» вожаи сирф форсии тоҷикӣ буда, дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст. Нахустин муҳаққиқе, ки маънои калимаи мазкурро дар қарни бистум ҷустуҷӯ карда, шарҳ додааст,  устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ дар рисолаи илмии худ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» зикр кардааст, ки ин шоири маъруфи ҷаҳонгард водии Вахши тоҷиконро низ саёҳат карда будааст. Шайх Саъдии Шерозӣ дар яке аз ҳикояҳои «Бӯстон» аз мулки Вахш ёдовар шудааст:

Шунидам, ки  дар хоки Вахш аз меҳон,

Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.

                         ***

Шунидам, ки бигрист донои Вахш,

Ки ё Раб, мар ин мардро ту  бибахш.

Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои сиюму чилуми қарни бист бархе аз қаламбадастон номи водӣ ва рӯди Вахшро шакли вайроншудаи «ваҳш»-и арабӣ мепиндоштанд ва маънидод мекарданд. Тибқи ин пиндори ғалат, гӯё ин сарзамин аз замонҳои қадим ноободу ҷойи вуҳуш (ҳайвоноти ваҳшӣ) буд, аз ин рӯ, онро чун макони вуҳуш – «Ваҳш» номиданд ва рафта-рафта, ба «Вахш» табдил ёфт. Аз ҷумла, устод Абулқосим Лоҳутӣ соли 1929 дар шеъри машҳури худ «Пули Вахш» ба ҳамин маънӣ ишора карда навишта буд:

Канӣ, канӣ, ассалом,

Обаки сарди ваҳшӣ!

Як гап ба ту мегӯям,

Бояд маро бибахшӣ...

Устод Садриддин Айнӣ дар тавзеҳи ду байти дар боло овардаи Шайх Саъдии Шерозӣ ин ақидаи ғалатро рад намуда, дар рисолаи номбурдааш чунин  менависад: «Баъзе шарқшиносон калимаи «вахш»-ро вайроншудаи калимаи «ваҳши»-и арабӣ фаҳмида, бо як эзоҳи хато вайро «ваҳшӣ» маънидод мекунанд. Дар ҳақиқат, «вахш» калимаи тоҷикии қадим–суғдӣ буда, маънояш «ибтидо» ва «оғоз» аст, ҳам номи шаҳрест дар канори оби Вахш, ки аз ҳама ободониҳои ин сарзамин пештар ва аввалтар бино ёфта буд. Ин шеъри Саъдӣ ҳам ҳаминро тасдиқ мекунад, чунки Саъдӣ дар ин шеър аввалан «хоки Вахш» гуфтааст, ки «мамлакати Вахш» гуфтан аст, дуюм, ӯ ин калимаро бо «бахш» ҳамқофия карда, ба «вахшхонон» ҳеҷ роҳ нагузоштааст». (Садриддин Айнӣ.. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. Куллиёт, ҷилди 2, китоби 1. Душанбе, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1963, саҳ.126).

Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» калимаи «Вахш»-ро чунин шарҳ додааст: «Охшо, Оахшо, шубҳае нест, ки ин калима аз вожаи эронии «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш» «гапи гуфта» буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рӯҳе»-ро ифода мекард, ки баъзан ба оби ҷорӣ алоқаманд мебошад. Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу»-ро бо номи «Оксус» медонистанд.  Дар ибтидои қарни XI Абӯрайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «Вахшҳангом» ном ҷашне доранд ва илова мекунад: — «Вахш» номи фариштаест нозири дарё, аз ҷумла рӯди Ҷайҳун». Дар давраи баъдинаи асрҳои миёна ва дар рӯзҳои мо номи қадимаи рӯди Омӯ фақат дар шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи рӯди Вахш боқӣ монд,  вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо,  дар ҷануби Тоҷикистон эътиқод ба рӯҳи парастори оби наҳрҳо–Оахшо (Вахш) махсусан пойдор мондааст». (Б.Ғафуров.Тоҷикон.Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби якум, Душанбе: Ирфон, саҳ.124).

Ногуфта намонад, ки номи рӯд ва мавзеи кунунии Ёхсу низ аз вожаи «вахш» бармеояд. «Охшо» ё «Вахш» оҳиста –оҳиста ба тарзи «Охсу» ё худ «Ёхсу»  табдил ёфтааст ва ба ибораи туркии  «Оқсу» («Оби сафед») робитае надорад, зеро дар саргаҳи рӯди Ёхсу деҳае ҳаст бо номи «Яхшо», ки бори дигар ба решаи «Вахш» доштани ин номи ҷуғрофӣ далолат мекунад. Ноҳияи Файзободи имрӯзаи Тоҷикистон дар замонҳои қадим «Вашгирд» ном дошт. Ба андешаи мо ҷузъи «Ваш» шакли кӯтоҳгардидаи калимаи «Вахш» аст ва «гирд» ба маънои  шаҳр аст («град»-и русӣ низ бо «гирд»-и форсӣ ҳамреша аст ва дар аҳди бостон дар Эронзамин бо чунин ҷузъи номӣ шаҳрҳо хеле зиёд буданд, ба мисли Сиёвушгирд ва ғайра), яъне гуфта метавонем, ки Вашгирди бостонӣ ҳамон Вахшгирд, яъне шаҳри Вахш аст, ки дар лаби рӯди ҳамноми худ бунёд ёфта буд.

Дар сарчашмаҳои баъдиисломӣ ном ва мулки Вахш борҳо зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар қадимтарин сарчашмаи ҷуғрофӣ ба забони форсии дарӣ – «Ҳудуд-ул-олам» (қарни даҳи милодӣ)  дар чанд маврид дар бораи рӯд, кӯҳ ва мулки Вахш маълумоти пурарзиш дода шудааст: «Ва дигар рӯдест, ки ӯро Вахшоб хонанд, аз кӯҳи Вахш биравад ба наздикии Вахш, ба Ҷайҳун афтад».  Дар боби «Сухан андар ноҳияти ҳудуди Моваро-уннаҳр ва шаҳрҳои вай» роҷеъ ба шаҳрҳо, сокинони диловар ва тирандозу ҷангии онҳо чунин гуфта шудааст: «Ҳаловард (ноҳияи  Колхозобод, ки ба муносибати 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба номи ин мутафаккири бузург  гузошта шуд Қ.С) қасабаи Вахш аст,  шаҳрест бокишту барз ва рустоҳои бисёр ва мардуми тирандозу ҷангӣ. Леваканд аз Вахш аст, ҷоест, ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад».

Ба гуфти олими бостоншинос, доктори улуми таърих Виктор  Степанович Соловёв шаҳри Леваканд ё худ Левканд дар ҷойи имрӯзаи маркази вилояти Хатлон-  шаҳри Бохтар (ҳозира Қӯрғонтеппа) воқеъ гардида буд, ки аз он танҳо ёдгории таърихии Теппаи Қӯрғон боқӣ мондаасту бас, вале академик В.В.Бартолд ақидаи дигар дорад, ки шаҳри Левканд ё Леваканд дар наздикии деҳаи Сангтӯдаи лаби рӯди Вахш ҷойгир буд. Дар болои теппаи шаҳри бостонии Қӯрғонтеппа (алҳол Бохтар)   осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир аст.

Ҳаловард  маркази мулки асримиёнагии Вахш буда, дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (алҳол ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа дар байни мардум ва адабиёти илми бостоншиносӣ роиҷ аст. Дар бораи ин шаҳр дар поёнтари мақола маълумоти бештаре хоҳем дод.

Дар сарчашмаҳои таърихии минбаъда дар бораи Вахш низ маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла, иттилои олими маъруфи тоҷик Абӯрайҳони Беруниро дар ин бора аз китоби «Тоҷикон»и Бобоҷон Ғафуров дар боло овардем. Дар аксар луғатҳои тафсирии қадими форсӣ, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёс-ул-луғот» дар бораи Вахшонзамин ва рӯди Вахш маълумоти боарзиш дода шудааст.

Номи Вахш дар осори адабӣ низ ба чашм мерасад. Бисёр адибони гузаштаи форсу тоҷик, амсоли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шокири Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлавӣ Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон дар осори худ ин сарзамини бостониро зикр кардаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мулки Вахш дар гузашта ободу маъмур буда, дар байни илму адаб шӯҳрати зиёд доштааст.

Таърих гувоҳ аст, ки Вахшонзамин аз замонҳои қадим то қарни сенздаҳи мелодӣ водии ободу маъмур ва сарсабз будааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мулки Вахш қисмати таркибии Бохтар ё худ Тахористони қадим ба шумор рафта, дар замони давлатдории Бохтар, Юнону Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён, Хилофати Ислом, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён яке аз сарзаминҳои ободу сернуфузи Бохтарзамин ба ҳисоб мерафт. Дар ин водӣ шаҳрҳои бузургу дорои тамаддуни олӣ ва пешрафта арзи вуҷуд намуда буд. Шаҳрҳои Вахшгирд, Вахш, Кайқубодшоҳ, Навдиз, Шаҳритӯс, Айваҷ (Арайнавайҷаи бостонӣ – ватани нахустини ақвоми ориёӣ), Ҳаловард, Леваканд ва ғайра аз таърихи куҳан ва тамаддуни ғании ин мулки бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Олимони бостоншинос дар замони шӯравӣ дар харобаҳои шаҳрҳои мазкур ҳафриёт гузаронида, осори зиёди гаронбаҳои моддӣ ва маънавӣ пайдо намуданд. Ба ин ёдгориҳои таърихии Тахти Қубод, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Сангин, Кайқубодшоҳ, Бешкентқалъа, Кофирқалъа, Қалъаи Золи Зар, Аҷинатеппа, Уштурмулло, Мунчоқтеппа ва ғайра мисоли равшан аст. Чуноне ёдовар шудем, пойтахти асримиёнагии мулки Вахш–шаҳри Ҳаловард дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (алҳол ноҳияи Ҷалолиддинии Балхӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа машҳур аст. Баъди футуҳот ва густариши дини мубини ислом маркази мулки Вахш ба мавзеи Узуни ҳамин ноҳия интиқол ёфт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ низ бо исми Ҳаловард ёд мешавад. Дар ин шаҳр дар қарнҳои ёздаҳу дувоздаҳи мелодӣ тангаҳои тиллоӣ сикка зада мешуданд, ки дар болои онҳо бо ҳуруфи арабӣ калимаи «Вахш» сабт гардида буд. Ин шаҳр низ дар замони истилои муғул ба тамомӣ вайрону хароб гардид ва боқимондаи он имрӯз бо номи қалъаи Золи Зар дар байни мардум машҳур аст. Сокинони аслӣ ва бумии ин сарзамин бохтариёни қадим буданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик нақши бузург бозидаанд.

Вахшонзамин то давраи истилои муғул соҳиби тамаддуни пешрафта ва олӣ буд. Дар ин водӣ на танҳо олимону донишмандон, хушнависону ҳунармандон, меъморону наққошон, балки адибони барӯманде низ зиндагӣ ба сар мебурданд. Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, бинобар ин, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо нисбаи «Балхӣ» ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бузурги Вахшонзамин ду нафар на танҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар  адабиёти ҷаҳонӣ шӯҳрати зиёд ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Румӣ ё худ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

Донишманди тоҷик, доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёев дар бораи рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  таҳти унвони «Дурахше Вахш»  дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (26 июли соли 2007) ба табъ расонид. Муаллиф зикр кардааст, ки ба гуфти падари Мавлоно Баҳоуддин Валад дар асари ягонааш «Маориф»  ӯ солҳои 1203- 1210 бо аҳли хонаводааш дар Вахш иқомат доштааст. Дар ин давра писараш  Ҷалолиддин дар Вахшонзамин таваллуд ёфт. Ӯ соли таваллуди писараш воизи яке аз масҷидҳои онҷо будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуддин дар асари худ чандин бор ёд кардааст. Аз ҷумла, дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегӯяд. Дар ҷилди дуюми асараш ин мутафаккири бузурги тоҷик муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай менависад:  «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдод ва Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?».

Хуршед Зиёев дар мақолаи худ афзудааст, ки ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолиддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами пажӯҳишгари амрикоӣ Франклин Луис тааллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Франклин Луис чанд далел меоварад. Аввалан, маълумоти тарҷумаҳолиро, ки дар китоби «Маориф»-и Баҳоуддин Валад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 мелодӣ, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш, дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва хонаводааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд».

Сониян, ба ақидаи Франклин Луис худи Ҷалолиддини Румӣ низ аз диёраш – Вахш ёд мекунад (дар байти поин, ки муҳаққиқ иқтибос намудааст, Румӣ аз таваллуд то марг аз зодгоҳи худ –Вахш то оромгоҳаш Рум қиёс мекунад). Дар ин бора муҳаққиқи амрикоӣ меоварад: — «Баҳо (Мавлоно Баҳоуддин дар назар аст- Қ.С.)   то сентябри соли 1210 мелодӣ ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 мелодӣ баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Валад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охири умраш, анҷоми соли 1260 мелодӣ, Румӣ як руҷӯи лаҳзавие ба овони кӯдакии худ дар Вахш мекунад ва масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ месозад:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавон шуд сӯйи Вахш.

Сеюм, ба масъалаи он ки чаро Румиро зодаи Балх меҳисобанд, дахл намуда, муҳаққиқи амрикоӣ  Франклин Луис қайд мекунад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин  ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳадди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале бо мардуми Анатолия (Рум) онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, аз яке аз марказҳои муҳими фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад, сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри бузург муаррифӣ месозанд».

Ба маълумоти китоби «Маориф»-и Баҳоуддин Валад, асарҳои худи Румӣ, ки забони онҳо саршори калимот аз шеваҳои ҷанубии Тоҷикистони муосир аст ва ба манбаъҳои дигар такя намуда, дар хусуси зодгоҳи мутафаккир будани Вахшонзамин мо метавонем мустақилона далелҳои дигаре пешниҳод намоем. Вале бо овардани андешаҳои беғаразонаи ин муҳаққиқи амрикоӣ иктифо карда, чанд сухане аз ҳаёт ва мероси ӯ меоварем.  Сипас Хуршед Зиёев  дар бораи зодгоҳи Мавлоно бо қатъият  менависад: «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ 30 сентябри соли 1207 дар Вахшонзамин дар оилаи сӯфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддин Валад ба дунё омадааст».

Ба  ин гуфтаҳои донишманди тоҷик илова кардан зарур аст, ки асари пажӯҳишгари амрикоӣ Франклин Луис «Мавлавӣ, дирӯз, имрӯз ва Шарқу Ғарб» ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, нашриёти «Солис», соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ) ба табъ расидааст. Дар ин асар ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно  Ҷалолиддини Румӣ – яке аз шаҳрҳои водии Вахши Тоҷикистон маълумоти пурарзиш дода шудааст, ки аз мадди назари пажӯҳишгари тоҷик Хуршед Зиёев дур мондааст. Франклин Луис дар дар бораи шарҳи ҳоли Ҷалолиддини Румӣ сухан ронда, навиштааст:  «Аз он ҷо, ки Мавлавӣ ва Мавлоно алқоби (лақабҳои) эҳтиромомези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора (яъне нимҷазираи Ҳинд–Қ.С) ҳастанд, мадхалҳои доиратулмаорифҳо ва намояндаҳои кутуби форсӣ мавзӯи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад, аммо чуноне хоҳем дид,  зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кӯчаке аст, ки имрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ лақабҳоенд, ки шоирро ба аксари эрониён мешиносонанд». (Франклин Луис, ҳамон асар, саҳ.15).

Гуфтан лозим аст, ки аксари донишмандони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Ҷалолиддини Румӣ будани Вахшонзамини Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла, донишманди эронӣ Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро дар бораи аҳвол ва осори Ҷалолиддини Балхӣ анҷом додааст,  дар ин бора дар боби  «Даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил» чунин ибрози назар намудааст: «Шаҳри Балх, ки хонадони Мавлоно нисбат ба Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рӯзгор буд, ки имрӯза дар кишвари Афғонистон аст.

 Шамс  дар «Мақолот« он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ӯро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дарвоқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омударё (Ҷайҳун) мезистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеи Балх буд ва бахше аз мамлакати рӯ ба завол овардаи Ғӯрӣ ба шумор мерафт». (Ниг. Козими Баргнесӣ. Муқаддимаи «Куллиёти Шамси Табрезӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, бар асоси чопи шодравон Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Теҳрон: «Фикри рӯз», соли 1381 ҳиҷрии шамсӣ, саҳ. 15). 

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қазияи аз Вахш будани Мавлоно Ҷалолиддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони ховаршиноси Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъйид қарор гирифтааст ва месазад, ки  мо, тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин донишманд ва мутафаккири бузург ҳаммиллат, ҳамдиёр ва ҳамшаҳрии мост.

Мояи хурсандист, ки ба муносибати ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (Бохтар)-и Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон гардиданд ва дар оянда робитаи фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯст боз ҳам  густурдатар ва мустаҳкамтар мегардад. Аз ҷониби дигар, гузоштани номи Ҷалолиддини Балхӣ ба собиқ ноҳияи Колхозобод  (Ҳаловарди бостонӣ) ва дар маркази вилояти Хатлон бунёди чаҳорбоғи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва гузоштани пайкараи ин андешаманди бузург кори хайру наҷиб буда, ҳақиқати таърихиро дар бораи Вахшонзамин – зодгоҳи аслии ин абармард таъкид месозад, ки ҳамшаҳриёнаш вайро аз ёд  набаровардаанд ва хотираи ӯро пос ва гиромӣ медоранд. Дар ҳақиқат, ба қавли шодравон Пиримқул Сатторӣ:

Вахшоби ман, Вахшоби ман, эй модари ноёби ман,

Дар соҳили ту хаймаи Узрову Вомиқ будааст.

 Олимони бостоншинос ва таърихшинос бар ин ақидаанд, ки маҳз дар давраи истилои забткорон мардуми ин сарзамин қатли ом гардид ва шабакаи обёрии водии Вахш ба куллӣ вайрон карда шуд. Дар натиҷа қисми зиндамондаи сокинони водӣ ба ҷониби кӯҳҳо фирор намуданд ва ин сарзамин ба найзору ботлоқзор табдил ёфт. Аз ҳамон давра мардум борҳо кӯшиданд, то ватани бобоии хешро обод созанд, вале азбаски шабакаи обёрӣ ба пуррагӣ вайрон карда шуда буд, ин водиро аз сари нав эҳёву обод карда натавонистанд. Дар асрҳои нуздаҳ ва аввали қарни бистум ба ин водӣ қабилаҳои туркзабон, аз қабили дурман, тоз, қунғурот, лақай, марқа, туркман сарозер шуда, дар ин сарзамин  сокин гардиданд. Онҳо ҳаёти кӯчӣ ба сар мебурданд ва машғулияти асосиашон чорводорӣ буд. Сокинони аслии ин сарзамин, яъне тоҷикони таҳҷоӣ танҳо дар баъзе деҳоти Бешкенту Шаҳритӯс, Қубодиёну Ҷиликӯл, Панҷу  Қӯрғонтеппа чун ҷазира дар байни баҳри аҳолии туркзабон боқӣ монданду бас.

Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр давлати тозабунёди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ашёи гаронбаҳои саноатӣ – пахта сахт эҳтиёҷ пайдо карда буд. Мутахассисони Шӯравӣ баъди омӯзиши обу хоки водии Вахш ба хулосае омаданд, ки дар ин водӣ пахтаи навъи маҳиннахи мисриро парвариш намудан мумкин аст. Ба ҳамин хотир дар оғози солҳои сиюми қарни бист сохтмони сарбанду канали Вахш ва обёриву корам намудани ин сарзамин шурӯъ гардид.  «Вахшстрой» ба яке аз сохтмонҳои бузург ва зарбдори Шӯравӣ табдил ёфт. Давлати Шӯравӣ ба мақсади обёрӣ намудани ин сарзамин бо пули тилло аз Амрико экскаватор ва дигар техникаи заруриро харида овард ва дар як муддати кӯтоҳ канали мазкур канда шуд ва оби Вахш ин водиро аз сари нав ҷони тоза бахшид ва ба макони «тиллои сафед» ва дигар навъҳои шаҳдбори меваҷоту зироат, бахусус меваҷоти ситрусӣ табдил дод. Дар ободонии ин сарзамин намояндагони тоҷикони водиҳои Қаротегину Кӯлоб, Хуҷанду Фарғона ва қавму миллатҳои дигари Шӯравӣ, пеш аз ҳама, русҳо саҳме арзанда гузоштанд.

Вахшонзамин, мутаассифона,  дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992–1993 хеле хароб гардид. Ҳазорон нафар сокинони меҳнатдӯсту заҳматқарин, ки ин водии ноободро ба водии ҷаннатмакон табдил дода буданд, кушта ва фирорӣ гардиданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон муҳоҷирони иҷбории Вахшонзамин боз ба ватани худ баргашта, тайи даҳ сол осори ҷангро аз байн бурданд, ин водии зарнисорро аз сари нав эҳё, обод ва маъмур намуданд. Имрӯз ҳам фарзандони нахустин фотеҳони Вахшонзамин паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар ободонии диёри азизашон саҳми шоиста мегузоранд.

Дар давраи Шӯравӣ, бахусус солҳои ҳаштодуми қарни бисти мелодӣ, дар водии Вахш доираи адабие ба вуҷуд омад, ки назири худро дар кишварамон надошт. Адибони Вахшонзамин бо сарварии шодравон  Пиримқул Сатторӣ дар маҳфили адабии «Гулбарг» гирд омада, осори назмӣ ва насрии пурмазмунеро эҷод мекарданд. Аз байни ин адибон шоирони номие ба камол расидаанд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои адабии форсизабони берун аз марзи кишварамон шуҳрат пайдо кардаанд. Ба ин адибони маъруф  Муҳаммадалӣ  Сиёвуш  ва Муҳаммадалии Аҷамӣ мисоли равшананд. Ба ғайр аз ин адибон боз шоирону нависандагоне дар боғи сарсабзи Вахшонзамин ба камол расидаанд, ки ҳар яке бо эҷодиёти худ дар рушду такомули адабиёти ин сарзамин ҳиссагузоранд  ва анъанаҳои неки бобоёни худ: Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро идома медиҳанд.

Хулоса, водии зарнисори Вахш на танҳо макони «тиллои сафед» ва меваҳои шаҳдбор, балки маъвогаҳ ва  зодгоҳи бузургони илму адаб, аз ҷумла Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст.  Умед дорем ки аз ин сарзамини бостонӣ дар оянда боз ба мисли  чунин бузургони илму адаб фарзандони барӯманде ба дунё меоянду ба камол мерасанд ва дар ободониву сарсабзии диёрамон, рушду  нумӯи фарҳанг, адабиёт ва тамаддуни миллатамон саҳми шоиста ва арзанда мегузоранд.

 

Сентябрь 30, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»