«Мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист»-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 27. 09. 2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист» Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши илмии ҷумҳуриявиро ноиби президенти Академияи илмҳо, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо Абдусаттор Саидов ифтитоҳ намуд.
Номбурда зикр кард, ки тӯли солҳои охир вобаста ба тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо таъсири омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ масъалаи мутобиқшавии (адаптатсияи) организмҳои зинда ба муҳити зист дар саросари ҷаҳон диққати бештари олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм, махсусан мутахассисони соҳаи илмҳои биология, тиб, кишоварзӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Вобаста ба муҳимияти омӯзиши масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадааст: «Тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир бо суръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, бояд мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад. Инчунин, ишора мешавад, ки муассисаҳои илмии академияро зарур аст, ки тадқиқотро доир ба гуногунии биологӣ… вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи баланд ба роҳ монанд».
Аз ин лиҳоз, тадқиқоти илмии мутобиқшави олами наботот ба тағйирёбии иқлим дар ҷойи аввал қарор мегирад. Дар ин самт олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳқиқоти ҷиддиро ба роҳ мондаанд.
Академик Муҳиба Яъқубова оид ба фаъолияти Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо маърӯза намуда, тадқиқоти олимони ин марказро дар самти мутобиқшавии организмҳои зинда ба тағйирёбии шароити муҳити зист муаррифӣ намуд.
Инчунин олимони дигари илмҳои биологӣ фикру андешаҳояшонро иброз намуда, таъкид доштанд, ки мавзӯъҳое, ки дар конференсия матраҳ мегарданд, дар илми биологияи муосир хеле муҳиманд.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз олими бузург Чарз Дали дар назарияи интихоби табиии худ ба хулосае омад, ки мутобиқшавӣ ба муҳит- ин омили муҳими рушди эволютсия ва омили муҳими зинда мондани намудҳо маҳсуб мегардад.
Имрӯзҳо дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб доир ба масъалаи мутобиқшавии организмҳои зинда ба омилҳои экологӣ, биотикӣ, реаксияи организмҳои зинда ба омилҳои гуногун тадқиқоти зиёд анҷом дода мешавад. Хусусан, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо оид ба стресси зироати кишоварзӣ, ки чӣ гуна растаниҳои гуногун ба шароити гуногун ва омилҳои гуногун реаксияи ҷавобӣ зоҳир мекунанд, тадқиқоти назаррас амалӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти маърӯзачиён, дар соҳаи тиб ҳанӯз солҳои 20-ум мафҳуми стрессро хеле васеъ мавриди истифода қарор доданд ва ба хулосае омаданд, ки стресс як омил ё реаксияи хеле муҳими ҷавобии организм аст, ки дар сурати набудани он худи организми инсон қобилияти зиндагиро гум мекунад, яъне маҳв мегардад.
Имрӯз, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ аст, аз ин ҷиҳат мутобиқшавии хусусан зироати кишоварзӣ ба шароити гуногун, омӯзиши онҳо, реаксияи ҷавобии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим боз ҳам муҳимият пайдо кардааст.
Дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков, ки яке аз муассисаҳои пешқадами илмӣ мебошад, дар мавзӯи мутобиқшавии растаниҳо ба шароити баландкӯҳ реаксияи ҷавобии онҳо ба омилҳое, ки дар шароити баландкӯҳи Помир месабзанд, корҳои ҷиддии илмӣ ба анҷом дода шудаанд.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки гузаронидани ҳар як чорабинии илмӣ ғояҳои нави илмӣ ба миён оварда, дурнамои тадқиқотро дар ин самт муайян месозад.
Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ду рӯз идома меёбад. Дар он кормандони марказ, олимони илмҳои биологӣ ва тиб иштирок доранд. Умед аст, ки олимони соҳаи биологияи ҷумҳурӣ дар самти мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист тадқиқоти муштаракро пеш мебаранд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»










Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Тоҷикистон барои Эъломияи Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар Арабистони Саудӣ самтҳои афзалиятнокро пешниҳод намуд
Соли равон аз Тоҷикистон қариб 37 ҳазор тонна меваи хушк содирот гардидааст
Самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ гардид
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд






