Нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» ба дасти хонандагон расид

Сентябрь 5, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» нашри дуюми китоби  «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода манзури хонандагон гардид.

Ин китоб давоми мантиқии рисолаи аввал ба шумор рафта, дар он дар бораи НБО «Роғун», таърихи мухтасари бунёди он, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, пешрафти иқтисодии мамлакат ва манфиати он барои тамоми минтақа ҳам бобати бо барқ таъмин намудан ва ҳам кушодани заминҳои наву танзими низоми об сухан меравад. Муаллиф дар китоб дар бораи аҳамияти неругоҳ маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст.

Дар охири китоб феҳристи муҳимтарин санаҳои муҳими бунёди ин Кохи нур ва сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷой дода шудаанд. Муаллиф ният дорад, ки давра ба давра таърихномаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ таҳия намояд.

Рисолаи «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон», нашри 2 барои омӯзиш дар ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву идораҳо ва оммаи васеи хонандагон тавсия гашта, ройгон тақсим мешавад.

Сентябрь 5, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд