Ғолиби озмуни «Беҳтарин хонандаи китоб» бо 50 000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад

Сентябрь 27, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озмуни «Беҳтарин хонандаи китоб» ҷараён дорад.

Он дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки соли равон бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, сурат мегирад. Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ мебошад.

Тавре сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шавкат Аминов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, озмуни мазкур аз рӯи 4 номинатсия гузаронида мешавад: хондану аз ёд кардани осори адабии адибони классики тоҷик, хондану аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондану аз ёд кардани ашъори бачагона, хондану аз ёд кардани асарҳои адабиёти ҷаҳон, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Тибқи озмуни мазкур, иштирокчиён бояд на кам аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 200 шеър ва 300 хат аз ашъори нависандагони классик ва имрӯзаро донанд.

«Барои ғолибони ҳар як номинатсия маблағҳои калон муайян гардидаанд. Барои ғолиби ҷойи якум 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ маблағ муайян шудааст. Маблағи Шоҳҷоиза 50 000 сомониро ташкил медиҳад, ки он  дар ҷамъбасти озмун ба нафаре, ки зиёда аз 70 фоизи номинатсияҳои номбаршударо донад, тақдим карда мешавад»,-иброз намуд Шавкат Аминов.

Тавре ҳамсуҳбати мо зикр намуд, дар назди китобхона вазифа гузошта шудааст, ки хизматрасонӣ ба муштариён бояд ба сатҳи олӣ ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ котибот бо шахсони  масъул ҷой дорад, ки онҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба шахсоне, ки мехоҳанд дар номинатсия иштирок кунанд, хизмат мерасонанд. Инчунин дар даромадгоҳи китобхона овезаҳо оид ба  озмуни мазкур ҷой дода шудаанд.

«Дар баробари ин дар ошёнаи дуюми китобхона, дар назди шуъбаи хизматрасонӣ бо муштариён толори «Фурӯғи субҳи доноӣ» ташкил шудааст, ки дар он зиёда аз 120 ҷои нишаст ва теъдоди зиёди китобҳо оид ба 4 номинатсия, аниқтараш 300 китоб барои дархости хонандагон мавҷуданд. Он нафароне, ки дар ноҳияву вилоятҳо аз даврҳои ин озмун гузаштаанд, айни ҳол ба ҷамъбасти озмун омодагӣ дида истодаанд. Даври ҷамъбастии озмун моҳи декабр дар Китобхонаи миллӣ гузаронида мешавад», -мегӯяд Ш. Аминов

Дар Китобхонаи миллӣ барои мизоҷон тамоми хизматрасонӣ ройгон аст ва барои осону беҳтар намудани сифати кор зиёда аз 200 нусха китоб ба шакли электронӣ (PDF) гардонида шудаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо озодона истифода намояд.

Китоб муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам мебошад.  Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад, ки бевосита ба баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон таъсири мусбати худро мерасонад.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур боз ҳам санҷидану баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон ва дӯстдорони китоб мебошад. Инчунин рӯ овардан ба адабиёти ҷаҳонӣ дар баробари хондану аз бар кардани асарҳои адибони тоҷик ғояи тарбиявӣ дошта, донишу маърифати хонандагонро баланд мебардорад ва ба  ҷавонони мо  таъсири мусбат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар тамоми китобхонаҳои мамлакат ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил гардидааст. Мақсади ин ситодҳо  аҳолиро бо китоб таъмин намудан мебошад. Дар радифи ин аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллӣ ҳамаи номгӯи китобҳое, ки дар рӯйхати озмун оварда шудаанд, дар шакли электронӣ омода ва ба тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шудаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид