Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 1, 2019 12:05

ДУШАНБЕ, 01.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кудакон муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми беморхона шӯъбаи наҷот, шӯъбаи бемориҳои қатрагӣ, дар ошёнаи дуюм шӯъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, ошёнаи сеюм ва чорум шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ошёнаи панҷум Шӯъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин утоқҳои корӣ маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст, ошёнаи шашум бошад кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир мебошанд.

Ҳамчунин беморхона дорои, тавақуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансфарматор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона мебошад. Дар маркази муосири тиббӣ 260 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои то имрӯз амалкунандаи беморхона соли 1939 бунёд гардидааст ва дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст.

Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне дар зарфи 56 сол ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад.

Ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ шудааст, вале бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш хеле фарсудаву куҳна гардидааст.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити фаъолияти табибон, ба роҳ мондани усулҳои муосири табобат ва таъминоти муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ зарурати бунёди бинои нави беморхона ба миён омад, зеро табобати бемориҳои сироятӣ, хусусан, дар байни кӯдакон шароиту таҷҳизот ва таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони марказҳои муосири ташхисию табобатӣ, дар саросари мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимии ҷомеа, анҷом дода, мешаванд.

Дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.

Вақтҳои охир мушоҳида мекунанд, бо ташаббусу иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиёни тоҷик қариб ҳар рӯз иншооти таъиноти мухталиф, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзишу боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Ифтитоҳи беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакон дар шаҳри Душанбе низ яке аз дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни бузурги истиқлолияту озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,зимни шоносоӣ дар иншооти мазкур, бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ, суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат, табибонро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳои хизматӣ, хизматрасонии сатҳи баландӣ тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои кӯдакон, ҳидоят намуда, дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Сохтмони беморхонаи мазкур сентябри соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 аз ҷониби бинокорони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Ба истифода додани муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шахрии бемориҳои сироятии кудакона» дар шаҳри Душанбе 01.09.2019

Сентябрь 1, 2019 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад