Саадеттин Коҷатурк, устоди Донишгоҳи Анқара, профессор: «Наҳзатиҳои террорист аз номи дин сӯиистифода намуда, 150 ҳазор тоҷикро ба қатл расониданд»

Сентябрь 27, 2019 18:26

ДУШАНБЕ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 26-уми сентябри соли 2019 дар Ҷумҳури Туркия мизи мудаввар бо иштироки устоди Донишгоҳи Анқара профессор Саадеттин Коҷатурк, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик ва аъзоёни Анҷумани тоҷикон дар Туркия баргузор гардид.

Дар рафти нишаст профессор доир ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки танҳо шахсияти бузурги таърихӣ метавонад ҷони худро ба гарав гузошта, миллати хешро аз вартаи нестӣ раҳо созад.

Саадеттин Коҷатурк бо пешниҳоди далелҳои дақиқ таъкид намуд, ки як гурӯҳи “ҳизбуллоҳмаобон” аз номи дини Ислом сӯиистифода карда, хостанд бо роҳи зурӣ ва куштор ҳокимиятро дар Тоҷикистон ғасб намуда, сохти давлатдориро тағйир диҳанд. Маҳз, созмони террористии наҳзат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро оғоз карда, наздики 150 ҳазор сокини кишварро муҷиби марг гардонид. Садҳо ҳазор хонабардӯш гашту иқтисоди ҷумҳурӣ ба нестӣ мувоҷеҳ шуд.

Ин олими маъруф хотиррасон кард, ки динро набояд ҳамчун абзор  ва воситаи расидан ба манфиатҳои ғаразноки гурӯҳӣ истифода кард. Таъкид кард, ки бо дин намешавад давлат сохт ва ё давлатро идора кард. Файласуф тазаккур дод, ки агар дар ахлоқи инсонҳо хусусиятҳои гуфташудаи ирфонӣ ва имонӣ ба вуҷуд оянд, пас ба инсони комил табдил меёбад, вале агар инсон дорои хислатҳои гуфташуда набошад ва танҳо мақсадаш ба даст овардани мансаб ба воситаи дин бошад, пас ин дин ­ дин набуда, танҳо восита барои расидан ба мақсадҳои нопок аст. Ба ақидаи ӯ,  ҳар гурӯҳ ва нафаре агар динро бо мақсади амалҳои нопокаш истифода барад, оқибат худро барбод хоҳад дод. Зеро дар замони муосир касе тарафдори сохти давлатдории динию мазҳабӣ намебошад.

Саадеттин Коҷатурк қайд намуд, ки Пешвои миллати тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷони худро сипар намуда, баҳри сарҷамъии миллат камари ҳиммат баст ва муваффақ низ гардид. Ба миллати тоҷик сулҳ овард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари обод, осоишта ва замонавӣ табдил дод.

Саадеттин Коҷатурк дар идома аз таассуроти сафарҳои худ ба Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар муддати начандон тӯлонӣ эҳёи чунин як кишвари ободеро барои халқи тоҷик шоистаи таҳсин медонад. Номбурдаро сатҳи босуръати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, гулгашту  хиёбонҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурию фароғати дар  пойтахт ­ шаҳри Душанбе ба ваҷд овардааст.

Дар фарҷоми мизи мудавар мутафакири турк таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ дар сафи кишварҳои босуръат рушдёбанда қарор дошта, дар солҳои наздик ба кишвари содиркунандаи неруи барқ ва ашёи саноатӣ  мубаддал мегардад.

Саадеттин Коҷатурк 15 декабри соли 1941 дар шаҳри Кайсерии Туркия дар оилаи муфтӣ ба дунё омадааст. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ, унвони докториашро дар донишгоҳи маъруфи Фаронса соҳиб шудааст. Саадеттин Коҷатурк мавлоношинос буда, донандаи забонҳои арабӣ, фаронсавӣ ва форсию тоҷикӣ мебошад.

Сентябрь 27, 2019 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст