Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Нурсултон бо ҳамтоёни худ мулоқот намуд

Сентябрь 24, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон бо як гурӯҳ раисони парлумонҳои мамлакатҳои ба мо дӯст мулоқот анҷом дод.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин рӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон Достон Ҷумабеков, Россия Вячеслав Володин, Молдова Зинаида Гречаний, Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ва Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ гуфтугӯ намуд.

Ба иттилои манбаъ, Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Қирғизистон сатҳи кунунии муносибатҳои ду мамлакатро баланд арзёбӣ намуда, масоили робитаҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду иҷтимоиёт, энергетика ва ҳамлу нақлро баррасӣ карданд.

Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуд буда, зарур аст онҳо ба нафъи ду ҷониб истифода шаванд.

«Раиси Маҷлиси намояндагон мавҷуд будани баъзе аз арзишҳои муштарак байни тоҷикону қирғизҳоро намунаи барҷастаи дӯстиву бародарӣ ва рафоқат маънидод карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро марзи муштарак, шомил будан ба созмонҳои бонуфузе, чун ИДМ, СҲШ, СААД ва лоиҳаи бузурги CASA-1000 бо ҳам муттаҳид кардааст», — афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо нақши парлумонро дар ҳалли масъалаҳои мутақобила, аз қабили мушкилоти сарҳадӣ, аломатгузории марзи давлатӣ, роҳу нақлиёт, рафтуомади озоди шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо баланд арзёбӣ намуданд.

Бо дахли ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳкими амну субот атрофи масъалаҳои сарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифта, зарур шуморида шуд, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон корро дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ пурзӯр намояд.

«Ҳалли масъалаҳои марбут ба сарҳад, ки имрӯз ҳарду давлатро ором гузошта наметавонад, барои мо як захмест, ки онро табобат мебояд. Барои ин кор таҳаммулпазирӣ лозим аст. Парлумонҳои ҳар ду мамлакат метавонанд дар ҳалли масъалаҳои зикршуда нақши ҳалкунанда ва калидӣ дошта бошанд», -гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ёдовар мешавем, ки инчунин дар ин рӯз Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз Россия, Молдава, Ӯзбекистон ва Афғонистон мулоқот анҷом дода, ҳамкории байнидавлативу байнипарлумониро дар ҳамаи самтҳо баррасӣ намуд.

Сентябрь 24, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»