Синои Зинатшо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Библиомарафон» гардид

Сентябрь 5, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 5.09.2019./ АМИТ «Ховар»/.   Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» муайян гардиданд. Маросими ҷамъбаст ва супоридани диплому туҳфаҳо ба ғолибони озмун дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар он як гурӯҳ хонандагони мактабҳои мамлакат, ки дар даврҳои озмун маҳорати баланди китобхонии худро нишон дода буданд, аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мукофотонида шуданд.

Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ҷараён дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, насли наврасро барои иштирок дар ин озмуни бонуфуз омода месозад.

Барандаи шоҳҷоизаи озмун хонандаи синфи 7-и МТМУ № 10-и ноҳияи Ишкошим Синои Зинатшо дониста шуда, бо 1000 сомонӣ мукофот сарфароз гардонида шуд. Инчунин ҷойи якум насиби Рўдакӣ Норов аз  шаҳри Панҷакент гардида, ҷойи дуюм ба Зайнабхон Ҳамидиён аз шаҳри Душанбе ва ҷои сеюм ба Нисо Наимова дода шуд.

Бояд гуфт, ки ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Сентябрь 5, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд