Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк якчанд мулоқоти судманд анҷом дод

Сентябрь 23, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 23.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сироҷиддин Муҳриддин якчанд мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 22 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси ИМА барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод дар атрофи мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя мубодилаи афкор намуданд.

 Инчунин 22 сентябр Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин Самуел Браунбек мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои вобаста ба озодии дин, инчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду давлат  дар самти мазкур мубодилаи афкор намуданд.

 

 

АСК: ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд