ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 263-юмин рӯзи соли 2019 аст
20 сентябри соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.
***
6 сол пеш, 20 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.
20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
***
Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.
***
Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
20 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
***
3 сол пеш, 20 сентябри соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов дар рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон шомил шуд.
***
20 сентябри соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
102 сол муқаддам, 20 сентябри соли 1917 Парлумони Канада ба модар, ҳамсар ва хоҳари аскари дар майдони ҷанг муборизабаранда ҳуқуқи овоздиҳӣ пешниҳод кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 аксарияти аҳолии Франсия дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.
***
20 сентябри соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии «Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ» — ро нашр намуд.
***
Соли 1802 дар Россия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад









Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






