ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дастаи мунтахаби футболбозони мамлакат дастаи мунтахаби Муғулистонро дар сафар мағлуб намуд

Сентябрь 10, 2019 15:58

 ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре навакак хабар додем, чанд лаҳза пеш, дар  шаҳри Улан Батори Муғулистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд. Ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби 1:0 бар нафъи  футболбозони  тоҷик хотима ёфт.  Ягона голи ин дидорро  Давронҷон Эргашов дар дақиқаи 81 ба ҳадаф расонид. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

5 сентябр бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби   футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо  иштироки    мухлисони сершумори  футболи тоҷик  дар сатҳи баланду  хотирмон  баргузор шуд. Дар ин  рақобати ҷолиб футболбозони   тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф  расонид.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври  1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).

Қирғизистон: Павел Матяш, Темирлан Козубаев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бактияр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фархат Мусабеков (Алимардон Шукуров, 76), Аҳлидин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).

Огоҳӣ: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Темирлан Козубаев (Қирғизистон).

Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).

Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саидӣ (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври  2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон 0:1 Тоҷикистон

Гол: Давронҷон Эргашов  дақ. 81

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

Даври  4-ум
15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон  – Япония
Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври  6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянма – Муғулистон

Даври  7-ум

26 марти 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон  – Муғулистон
Япония – Мянма

Даври 8-ум

31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон

Даври  9-ум

4 июни 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври  10-ум

9 июни 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон  – Мянма
Япония – Қирғизистон

 

                                                                                               АКС аз бойгонӣ.

Сентябрь 10, 2019 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад