Тоҷикистонро дар «Текстиллегпром» панҷ корхонаи дӯзандагӣ ва нассоҷӣ муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, назири «Ваҳдат», «Лиман», «Раҳимов А.А.», «Файзи истиқлол» ва «ХИМА-Текстил» Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб шуда, имрӯз дар Москва оғоз ёфт, намояндагӣ мекунанд. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагин ва либосворӣ дар намоишгоҳи «Текстиллегпром» то 20 сентябр ба намоиш гузошта мешаванд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро масъулини ширкатҳои консалтингии «Business Consulting Group» /Хуҷанд/, «ACT Development Group» /Душанбе/ ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки «Текстиллегпром», ки ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, шурӯъ аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр аст. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа тақрибан аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Сардори Департаменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд: «Россия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. «Текстиллегпром» истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Россия гирди ҳам меоварад ва имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорҳоро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Россия ва талаботи онро бештар омӯзанд, муаррифӣ созанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо робитаҳо барқарор намоянд».
Намоишгоҳи Москва имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом, ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матои пахтагин ва ҳам маҳсулоти тайёр, ба монанди ҷӯроб, либоси мардона, занонаю кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси таҳпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистон имкон дорад дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва суҳбатҳои “мизи гирд” иштирок намояд.









Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






