Тоҷикистонро дар «Текстиллегпром» панҷ корхонаи дӯзандагӣ ва нассоҷӣ муаррифӣ менамоянд

Сентябрь 17, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, назири «Ваҳдат», «Лиман», «Раҳимов А.А.», «Файзи истиқлол» ва «ХИМА-Текстил» Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи  байналмилалии «Текстиллегпром», ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар миқёси Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил маҳсуб шуда,   имрӯз дар Москва оғоз ёфт, намояндагӣ мекунанд. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагин ва либосворӣ дар намоишгоҳи «Текстиллегпром» то  20 сентябр ба намоиш гузошта мешаванд.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро масъулини ширкатҳои консалтингии «Business Consulting Group» /Хуҷанд/, «ACT Development Group» /Душанбе/ ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ  иттилоъ доданд.

Бояд тазаккур дод, ки «Текстиллегпром», ки ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, шурӯъ аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр аст. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа тақрибан аз  30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Сардори Департаменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Абдулло Муҳаммадиев мегӯяд:  «Россия  яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. «Текстиллегпром»  истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Россия гирди ҳам меоварад ва имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорҳоро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Россия ва талаботи онро бештар омӯзанд,  муаррифӣ созанд  ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо робитаҳо барқарор намоянд».

Намоишгоҳи Москва имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом, ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матои пахтагин  ва ҳам маҳсулоти тайёр, ба монанди ҷӯроб, либоси мардона, занонаю кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси таҳпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистон имкон дорад дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва суҳбатҳои “мизи гирд” иштирок намояд.

Сентябрь 17, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд