Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Бемории ВНМО яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад»

Сентябрь 25, 2019 14:28

ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сирояти дорои ҷанбаи иҷтимоӣ ба шумор рафта, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ Насим Олимзода, муовинони вазир, роҳбарият ва намояндагони Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар муассисаҳои соҳаи  тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳо аз ВНМО эмин намонда, бо мақсади пешгириву муқовимат бо он барномаву стратегияҳои давлатӣ татбиқ гардида истодаанд.

Зимнан, Вируси норасоии масунияти одам сол ба сол ба яке  аз мушкилоти  глобалӣ табдил меёбад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Танҳо дар мамлакати мо аз бемории Вируси норасоии масунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар фавтидаанд».

Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 ва таъмини иҷрои қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат дар ин самт сухан кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021-ро, ки ба пурзӯр намудани  фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор  мебошад, қабул намуд.

«Ҳадафи асосии барномаи мазкур- ин дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирии ВНМО, табобат ва нигоҳубини гирифторони ин беморӣ буда, он 6 самти афзалиятнокро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин самтҳо вазифаҳои мушаххас дошта, дар доираи иҷрои онҳо чорабиниҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд», — гуфта шуд дар ҷамъомад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, ВНМО системаи иммунитети шахсро  заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

ВНМО тавассути хун,  алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда, инчунин  аз модари сироятёфта  ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбобҳои тиббии тамъизнашуда ва  ширмакконӣ мегузарад.

Ин вирус тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин оид ба вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои асаб ва ҷарроҳии асаб дар ҷумҳурӣ, ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон бо бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, махсусан бемориҳои нуқсони модарзодии дил ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра сухан карда шуд.

Насим Олимзода оид ба масъалаҳои ҳолати хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, муоинаи тиббии наваскарон, беҳтар намудани кумаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Сентябрь 25, 2019 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ навсозӣ карда мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Чин иштирок намуданд
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши табиии аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дорад
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
Дар Чин барои хизматчиёни давлатӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» амалӣ шуд
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад