WITAMY! – ХУШ ОМАДЕД! Дар Душанбе шоми дӯстии Тоҷикистону Полша доир гардид

Сентябрь 13, 2019 12:27

ДУШАНБЕ, 13.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги ин давлат Шоми дӯстии Тоҷикистону Полша доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар даромадгоҳи театр намоиши аксҳои суратгири машҳур Леон Баршчевски доир ба Тоҷикистон барои дӯстдорони санъати аккосӣ ба маъраз  гузошта шуд. Леон Баршчевскии поляк полковники артиши рус, сайёҳ ва суратгири моҳири асри XIX мебошад.

Дар намоишгоҳ як зумра аксҳои беназири дар Осиёи Марказӣ, асосан дар Самарқанд, минтақаҳои Ҳисору Дарвоз гирифтаи суратгир ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки Леон Баршчевски бунёдгузори Осорхонаи этнографии Самарқанд низ ба шумор меравад.

Баъд аз тамошои намоиш барномаи фарҳангӣ шурӯъ гардид. Онро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тамашу Коллад оғози расмӣ бахшида, баргузории ин  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду давлат арзёбӣ намуданд.

«Бисёр хурсандиовар аст, ки дар ин театри зебову барҳаво консерти дӯстии Тоҷикистону Полша баргузор мегардад. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои фарҳангии мамлакатамон ҳамеша пур аст. Робитаҳои фарҳангӣ рӯз аз рӯз бо давлатҳои дунё беҳтар мегарданд, ки далели ин гуфтаҳо баргузории Шоми дӯстии имшаба мебошад»,-иброз дошт Обид Назариён.

 

Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тамашу Коллад иброз намуд, ки «рушди муносибатҳо миёни Полша ва Тоҷикистон асоси таърихӣ ва ояндаи дурахшон дорад. Ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, табъи шуморо болида мегардонанд».

Дар барномаи мазкур сарояндаи номии поляк Анита Фигел ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскии Ҷумҳурии Полша рақсу суруд ва оҳангҳои халқиву анъанавӣ, инчунин санъати касбиашонро манзури тамошобинони тоҷик намуда, сазовори кафкӯбии сершумори мухлисон гардиданд.

Ба барномаи фарҳангии мазкур ансамбли рақсии «Парасту» ва ҳунармандони ҷавонону соҳибистеъдоди тоҷик ҳусни дучанд бахшиданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷони МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2019 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид