«Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад!», «Пахта. Нуфузи рафта кай барқарор мешавад?» -шарҳи матбуоти даврӣ

Сентябрь 19, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта ифтитоҳи як зумра корхонаҳои саноатӣ  дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (18.09.2019, № 179)   аз ифтитоҳи корхонаҳои  нави коркарди санг  дар шаҳри Душанбе   гузориши мукаммал  ба нашр расидааст. Дар  он, аз ҷумла чунин омадааст: «Корхонаи мазкур дар миқёси мамлакат калонтарин корхонаи коркарди санг ба шумор рафта, дар он беш аз 160 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Дар корхона зиёда аз 20 намуди санг коркард шуда, дар як вақт имкон аст, бештар аз 50 намуд маҳсулоти сангӣ истеҳсол шавад. Аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ бо андозаҳои гуногун, фаввораҳо, сутунҳои калонҳаҷми гуногуншакл бо нақшу нигори миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти сангӣ дар шаклҳои муосири санъати меъморӣ истеҳсол мешаванд. Сангҳо аз захираҳои табиии мамлакат, ки дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Шаҳристон, Рӯдакӣ, Ванҷ ва Варзоб мавҷуданд, тавассути воситаҳои нақлиёти боркаш оварда мешаванд».

Дар гузориши мазкур ҳамчунин  маълумот дода шудааст, ки сангҳои мармар, ки аз конҳои Тоҷикистон  истихроҷ мешаванд, дар олам ба гурӯҳи сангҳои нодир шомил буда, аз  лиҳози сифат  навъи аъло дониста мешаванд. Ин сангҳо дар радифи дигар сангҳои маъруфи ҷаҳон шӯҳрати воло доранд.
«Ин сангҳо аз рӯи сифати рангу ороиш бо истеҳсолоти кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди Италия, Финляндия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва дигар мамолики олам  рақобатпазир аст.
Маҳсулоти корхона аллакай талабгорони худро пайдо намуда, он ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия ва Қатар содирот карда мешавад»,-  омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Пахта. Нуфузи рафта кай барқарор мешавад?», «Вожае чун қасам дар забони халқ», «Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ҶСК «Тавҳидбонк» иҷозатнома дод», «Чаро Ҳоҷӣ қарори судро иҷро намекунад?», «Рашт. Чаро моҳипарварӣ рушд намеёбад?»  ва дигар мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№111 аз 14.09.2019)  шумораи навбатии рӯзномаро пурра ба инъикоси сафари кории    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби  вилояти Хатлон бахшидааст. Дар ин шумораи рӯзнома гузоришҳои муфассал аз  суханронии Сарвари давлат  бо сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара  таҳти  сарлавҳаҳои «Кӯлоб аз баракати соҳибистиқлолӣ ба шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст» ва «Данғара. Бунёд ва навсозии беш аз 300 иншоот дар назар аст» ба нашр расидаанд.

Дар гузориши «Кӯлоб аз баракати соҳибистиқлолӣ ба шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст» Пешвои миллат,  аз ҷумла  чунин иброз доштанд: «Аз таърихи пурпечутоб ва ибратомӯзи халқи тоҷик медонем, ки ҳанӯз дар асрҳои VI- VII табиати зебо, захираҳои бой ва заминҳои ҳосилхези Хатлон диққати ҳокимони манфиатҷӯ ва лашкаркашони ғосибро ҷалб карда буданд. Ҳуҷуму тохтутозҳои зиёди аҷнабиёну бодиянишинони истилогар маҳз аз шаҳри Кӯлоб шикаст хӯрда, бузургтарин лашкаркашҳо баъди нокомоиву ақибнишинӣ дар саҳифаҳои хунини таърихномаи худ далериву шуҷоат, ҳушёриву матонат ва рӯҳияи қавии хурду бузург ва зану марди ин гӯшаи диёри моро васф намудаанд».

Дар гузориши дигар-«Данғара. Бунёд ва навсозии беш аз 300 иншоот дар назар аст» Сарвари давлат аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар ин гӯшаи зебоманзари Ватанамон бунёд ва таъмиру навсозии беш аз 300 иншоотро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124-тои онро  ба анҷом расонидаанд ва бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд».

Дар шумораи навбатии  Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (18.09.2019,№39)  мавод оид ба  сафари кории   Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи  Кўлоби вилояти Хатлон  нашр гардидаанд.

Дар ин шумора ҳамчунин  мусоҳиба бо  Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода таҳти сарлавҳаи «Экономические суды – плоды государственной независимости» рўи чоп омадааст. Ҳамзамон   таҳти сарлавҳаҳои «Душанбе — город чудес», «Вышла в свет «Эпитафии мусульманских ученных Самарканда (X-XIV)», «Заявление пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан» ва дигарҳо  мақолаҳои таҳлилӣ  ба  нашр  расидаанд.

Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» шумораи навбатии рӯзномаро (№38 аз 18 сентябри соли 2019)  пурра ба инъикоси  рӯйдоди муҳими мамлакат- ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ бо иштироки Пешвои миллат дар пойтахт  тайи ҳафтаи равон   ва аз ҷониби  Сарвари давлат санги асос гузоштан  дар бунёди як зумра коргоҳҳои  дигар  бахшидааст.

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  «Мароми пойтахт» (№35 (573) аз 19.09.19) дар баробари нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ,  инчунин дигар рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии шаҳрро  ба таври васеъ  инъикос намудааст.

Дар рубрикаи «Ҳаёти ҳизб»-и  «Мароми пойтахт»   хабаре  бо номи «Ҷаҳонбинии сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ тақвият меёбанд» ба  нашр расидааст.

Дар  мавзӯи иқтисодӣ рӯзнома мақолаеро  таҳти сарлавҳаи «Маҳсулоти табиӣ серхаридор аст» ва  дар бахши  тандурустию маориф  маводро  бо номҳои «Бемории сил пешгиришаванда аст», «Мактаб- боргоҳи муқаддас»  ба  нашр расонидааст, ки дар онҳо ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод   гардидаанд.

Мақолаи дигари ин шумораи рӯзнома — «Рушди ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлол» дар рубрикаи «Чашмандоз» ба чоп расидааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  «Омӯзгор»  (№38, 19.09.19)  таҳти сарлавҳаҳои «Мактаби махсуси зеҳнӣ бунёд мешавад», «Ба қадри ободкориҳо бирасем», «Фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот: чӣ бояд кард?», «Камбудию нуқсонҳои як китоби дарсӣ», «Омӯзгорон намерасанду бинои таълимгоҳ таъмирталаб аст», «Илм дар хурдӣ –нақш бар санг», «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ»,  «Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад!»,  «Навгониҳои маорифи ҷаҳон»   ва «Ба мутолиа шавқу рағбат бояд дошт» маводи ҷолибро пешниҳоди хонандагон намудааст.

Дар хабари  «Мактаби махсуси зеҳнӣ бунёд мешавад»  чунин иттилоъ манзури хонандагони рӯзнома гардидааст: «Мактаби мазкур  барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар ҳудуди  он  бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5-ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Бо мақсади ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим он ба 8 қисм тақсим гардидааст.  Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо ҷалби беш аз 100 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад».

                                                                                                Рухсораи НУР,
                                                                                                АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд