ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шафати роҳи байналмилалии Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз ҷиҳати ҷалби сайёҳон зиёда аз 40 иншооти сарироҳӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 18, 2019 10:07

САНГВОР, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 78 адад  бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар аксари иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ сохташаванда корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дошта, бинокорон талош доранд онҳоро тибқи қоидаҳои меъморӣ ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  ба шарафи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мувофиқи нақша бояд 25 иншоот дар соҳаи маориф, 6 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот дар бахши варзиш, 3 пули мошингузар, 6 бинои маъмурӣ ва 30 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ бунёд гардида, 3 қитъаи роҳи мошингард таъмиру барқарор карда шаванд.

То ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби соҳибкорону  сокинони ноҳия  30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То  соли  2021  48 иншооти боқимонда низ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию  хориҷӣ ба ноҳия дар шафати роҳи байналмилалии Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз зиёда аз 40 иншооти сарироҳӣ, аз қабили 14 истгоҳ,  16 адад амсила ва пайкараҳои ҳайвонот ва 2 гӯшаи деҳқон  ба истифода дода шуданд.

Октябрь 18, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд