Қаиқрони маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир миёни калонсолон иштирок доранд.
17 октябр Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр қувва озмуда, бо натиҷаи 18:23,70 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Шаҳриёр бо ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кард.
Медали тиллои Чемпионати Осиё насиби варзишгари Чин Зиҳанг Ванг бо натиҷаи 17:12,47, медали биринҷӣ насиби Иссеӣ Такенака аз Япония бо натиҷаи 18:45,78 гардид.
Дар сатҳи ҷаҳон варзишгарони Испания Диего Ромеро (16:17,54) ва Мануэл Кампос (16:18,86) ду ҷои аввалро ба даст оварданд. Мақоми сеюм насиби варзишгари Чех Яқуб Березина (16:24.15) шуд.
Варзишгари дигарамон Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ охирин шуда, ба марра расид ва ба финал роҳ пайдо накард. Дар ин қувваозмоӣ 33 нафар иштирок доштанд.
19 октябр варзишгарони мо дар масофаи миёна (26 км) қувва месанҷанд.








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






