Ҳайати Давлати Кувайт ба шаҳри Норак сафар намуд

Октябрь 18, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ, ҳайати расмӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайд ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Меҳмононро муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва аҳолии шаҳр дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ таҳти садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт аз намоиши рангини маҳсулоти ҳунарҳои мардумии аҳолии меҳнатдӯсти шаҳри Норак боздид намуд.     

Дар намоиш осори тасвирии мактаббачагону мусаввирони касбӣ, маҳсулоти гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, асбоби мусиқӣ, либосу кулоҳи миллӣ, гулпарварӣ, инчунин меваю хушкмева ба маъраз гузошта шуда буд. Меҳмонон зимни тамошои намоиш ба ҳунару маҳорат ва зебоиофарии мардуми шаҳри Норак аҳсант хонданд.

Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертии ҳунарпешаҳои кувайтӣ баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода барномаи фарҳангиро оғоз намуда, иброз дошт, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳанги  Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ мебошад. Мо хеле хурсандем, ки санъаткорони кувайтӣ ба шаҳри мо ташриф оварданд. Ин имкон медиҳад, ки мо ба меҳмонон фарҳангу ҳунари хешро муаррифӣ намоем ва аҳли шаҳр низ бо санъати Кувайт аз наздик шинос шаванд».

Чун анъанаи рамзи дӯстӣ аз ҷониби намояндагони ду давлат туҳфаҳо тақдим гардиданд. Инчунин чанд нусха китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги Давлати Кувайт ба мардуми шаҳри Норак эҳдо шуданд.

Барномаи консертии ҷолиб, ки дар он гурӯҳи бонувони сароянда ва мутрибони кувайтӣ ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.

Баъди анҷоми барномаи консертӣ меҳмонон аз обанбор ва Неругоҳи барқии обии «Норак» дидан намуданд.  

Дар назар аст, ки имрӯз меҳмонон ба ноҳияи Варзоб сафар намуда, аз табиати нотакрори ин дараи хушманзараи Тоҷикистон дидан намоянд.

Октябрь 18, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд