Ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Самарқанд боздид намуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Самарқанд боздид намуд. Дар ин бора котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, боздиди ҳайати мазкур аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шодравон Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд оғоз гардида, меҳмононро Раиси палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов ҳамроҳӣ намуд.
Гуфта мешавад, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек рӯҳашро шод карданд.
«Дар шаҳри бостонии Самарқанд Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз оромгоҳи Ал-Бухорӣ, масҷиди «Ҳазрати хизр» расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек ва майдони «Регистон» боздид намуда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадимӣ шинос шуданд», — афзуд Муҳаммадато Султонов.
Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншооти муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки соли 1428 дар теппаи Куҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст. Қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат мебошад.
Соли 1437 дар ин расадхона Қӯрғон — номгӯи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимии ин шаҳри бостонӣ аз майдон ва ансамбли ёдгории «Регистон» боздид намуданд.
Ин ёдгорӣ аз мадрасаҳои «Улуғбек», «Тиллокорӣ» ва мадрасаи «Шердор» иборат мебошад, ки имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати сокинону сайёҳон мубаддал гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, вакилони мардумӣ Зуфар Исмоилзода, Ориф Ҳакимов, Мавзуна Шамсиддинзода ва мудири шуъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии дастгоҳи ин ниҳод Хушмуҳаммад Нуриддинзода шомил буданд.









Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






