Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Октябрь 18, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ /ВКД/, адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи Шӯро риояи иҷрои талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти ҷалби ашхоси бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба меҳнат дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва сифати тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар давраи соли 2018 ва шашмоҳаи  аввали соли 2019 баррасӣ гардид.

Оид ба масъалаҳо маълумоти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазъи риояи қонун дар ин самт баҳогузорӣ гардид.

Бо қарори Шӯро дар назди масъулини вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Октябрь 18, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд