АЗ ОНҲО ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Як гурӯҳ ҷинояткороне, ки дар ташкил ё нигоҳдории қиморхона ва дигар бозиҳои пулакӣ гунаҳкор дониста мешаванд, боздошт гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 10 октябри соли равон дар барномаи «Прокуратура»- и шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» аз боздошти як гурӯҳ ҷинояткорон хабар дода шуд, ки дар ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), ва мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ гунаҳкор дониста мешаванд.
Ба иттилом манбаъ, Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазоратти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани як амалиёти муштарак гурӯҳи мазкурро боздошт намудаанд.
Тавре сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи шаҳри Душанбе Хуршед Сатторзода оид ба ин масъала мегӯяд: «20 сентябри соли равон дар асоси муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандон оид ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:30 дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Инвест лото», воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба номи гипроземи шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар кӯчаҳои Бухоро 50 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Нусратулло Махсум 79/2 (ноҳияи Сино), Лоҳутӣ 30 (ноҳияи Шоҳмансур) ва Неъмат Қарабоев 77 (ноҳияи Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе амалиёт гузаронида шуд».
Ба гуфтаи мавсуф, муайян гардидааст, ки дар суроғаҳои зикршуда шаҳрвандон Назаров Муҳиддин Рустамович, Киромов Каюмарс Қамарович, Наҷотов Камбиз Шукӯҳиевич ва Наҷотов Фаромарз Дороевич бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Сербия Милош Алексич ва Черногория Максим Папович, бо мақсади ба даст овардани фоиаи муфт ба ташкил ва нигоҳдошти қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ, муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, қаллобӣ-тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон машул мебошанд.
«Маъмурони қиморхона Меҳрангези Атовулло, Шарипова Дилноза Усмановна ва Бурҳонова Раксана Зоиршоевна ҳамчун шарикони ҷиноят барои пешбурди фаъолияти ҷинояткоронаи Назаров, Киромов, Наҷотов, Милошов ва Папович ҷиҳати ташкил ва нигоҳдошти қиморхона мусоидат намудаанд», — афзудааст Хуршед Сатторзода.
Гуфта мешавад, ки нисбати нафарони болозикр бо моддаҳои 240 (ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ), 286 қисми 3 банди б (додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ / аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 247 қисми 4 банди б-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ/қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дастгир ва нисбати онҳо чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.
Тибқи муқаррароти моддаҳои болозикри Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур бо ҷарима намудан ба андозаҳои муайян ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо дода мешавад.
«Қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад», — омдааст дар моддаи 247 (қ а л л о бӣ)- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимнан, таҳилили кӯтоҳи вазъ дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар 44 мамлакати дунё бозиҳои саргармкунанда, тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст. Инчунин дар 132 кишвари ҷаҳон бозиҳои саргармкунандаи интернетӣ низ манъ мебошанд. Дар баъзе мамлакатҳо ташкил намудани чунин бозиҳо дар асоси кодекси ҷиноятӣ ва дар бархеи дигар тибқи муқаррароти кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешаванд. Вале гуфтан ба маврид аст, ки дар иддае аз кишварҳо аз ҷумла, Федератсияи Россия оид ба ин масъала аз 20 декабри соли 2006 аз тарафи Думаи давлатӣ қонун қабул шудааст, ки тартиби амалӣ кардани онро ба танзим медарорад.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Инвест лото» 5 майи соли 2019 аз ҷониби зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ Назаров М.Р. таъсис дода шуда, сарваввал дар бинои тарабхонаи «Милениум», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намудааст. Баъдан ҷамъияти мазкур дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон намояндагиҳои худро таъсис додааст.
«Минбаъд Назаров М.Р, Киромов К. Қ, Наҷотов К. Ш ва Наҷотов Ф. Д таҳти роҳбарии Папович Максим шабакаи ҷиноятиро дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Инвест лото» ва намояндагиҳои он ташкилу ба роҳ монда, рафти лотобозиҳо аз ҷумла, бозии «Бинго-37»-ро, ки нисбатан даромаднок мебошад, таҳти назорат ва идоракунӣ қарор додаанд. Онҳо бо мақсади тасарруфи маблағҳои пулии шаҳрвандон тавассути идора кардани саққоҳо, бо усули идоракунии фосилавӣ дар дохили ҳар як саққо ба истилоҳ «чип”-ро ҷой намуда, ҳангоми бозӣ самти ҳаракати саққоҳои бурднокро бо дастгоҳи идоракунӣ тағйир дода, ба бохти мизоҷон сабаб мешуданд», — иттилоъ дода шуд дар барномаи «Прокуратура».
Гуфтанист, ки бо мақсади баланд бардоштани касбияти худ, ҷиҳати тасарруф намудани маблағҳои пулии мизоҷон яке аз ташкилкунандагони қиморхона Назаров М.Р моҳи апрели соли 2016 ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда, дар он ҷо оид ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона ё худ казино аз шахсони ба тафтишот номаълум таълим гирифтааст.
«Инчунин худи Папович Максим ба маъмурони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Инвест лото» ва намояндагиҳои он аз ҷумла, Шарипова Д.У, Бурҳонова Р.З. ва дигарон мунтазам машулият гузаронида, ба онҳо роҳҳои ҷалб намудан ва гумроҳ сохтани мизоҷонро меомузонид», — афзуд манбаъ.
Тавре дар барнома гуфта мешавад: «Маркази идоракунии саққоҳо дар ихтиёри Папович Максим қарор дошта, маъмурон ба ӯ оид ба рафти бозӣ ва рақами саққоҳои бурднок хабар медоданд. Инчунин тамоми рафти бозиҳо дар ҶДММ «Инвест лото» ва намояндагиҳои он аз тарафи Папович М ва Назаров М, ки дар бинои марказии он қарор доштанд, ба таври мустақим тамошо ва назорат карда мешуд».
Мавриди зикр аст ки қиморбозон бо истифода аз боварии мизоҷон аз усулҳои дилсӯзона кор гирифта, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба дили онҳо роҳ меёфтанд.
Яке аз роҳҳои ба доми худ афтонидани мизоҷон он будааст, ки дар сурати бохт маъмурони казино худро дар назари онҳо дилсӯз нишон дода, ба андозаи аз 5 то 10% маблағи бохтаашноро бармегарониданд. Бешак ин омил боиси бохт ва шикасти муштариён мегардад.
«Як- ду маротиба аз ин бозӣ бурд кардем. Баъд оҳиста-оҳиста фаҳмидем, ки ӯ (нафаре, ки бо онҳо бозӣ мекард. — редаксия) соҳиби ин корхона будааст. Баъд бозии калонро дида ёд гирифтем. Дар аввал моро ба ин бозӣ ҷалб намуданд, яъне пули калон бурд кардем. Марҳила ба марҳила чунон шуд, ки ман се хонаи падар ва хешу таборамро аз сабаби қарздор шуданам фурӯхтам. Ба ғайр аз ин, маблағҳое, ки дар дастам буданд (ман ба тиҷорат машғул будам) ҳамаашонро аз даст додам. Ҳоло аз рӯи ин бозӣ ҳам бе чизу чора мондам ва ҳам қарздор шудам», — гуфтааст яке аз ҷабрдидагони ин бозӣ дар барномаи «Прокуратура».
Бояд гуфт, ки ҳамзамон барои ҷалби бештари мизоҷон ва гумроҳ кардани онҳо дохили қиморхона нимторик карда, мусиқии баланд бо иваз шудани рангҳо гузошта шуда, ба мизиҷон чой ва қаҳва ройгон пешниҳод карда мешуд.
Тавре сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи шаҳри Душанбе Хуршед Сатторзода иброз доштааст: «Зимни гузаронидани амалиёт наздики 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, 200 ҳазор доллари амрикоӣ, 3 ҳазор евро, 200 ҳазор рубли русӣ ва 200 юани чинӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуда, суратҳисоби «Инюст лото» ва намояндагиҳои он баста шуданд. Инчунин 18 адад мошини гаронарзиши онҳо, ки ба айбдоршавандагон Назаров, Наҷотов, Киромов ва дигар шарикони ҷиноятияшон мансуб мебошанд, дарёфт, мусодира ва ба ҳабс гирифта шуданд».
Айни замон тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур баҳрӣ ошкор ва муайян намудани дигар шарикони ҷиноят идома дорад.
Дар фарҷоми барномаи «Прокуратура» масъулин бо мақсади таъмин ва иҷрои волоияти қонун, ғалабаи ҳақиқат ва оромишу саодати ҷамъият бо нишон додани акси шахсони ҷиноятпеша аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки агар ба доми онҳо афтода бошанд, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҳамкорӣ намоянд.