Азим Турсунзода: Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ муҳим ва манфиатнок аст

Октябрь 17, 2019 15:34

ДУШАНБЕ, 17.10. 2019 / АМИТ Ховар /. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хадамоти гумруки давлати мо ҳамкорӣ дар доираи  Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди

Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ хеле муҳим аст. Ин нуктаро 17 октябр муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи  Шӯрои роҳбарони  хадамоти гумруки  ИДМ зикр кард.  Мавсуф афзуд, ки ҳамкории самарабахши воҳидҳои  ҳифзи ҳуқуқи  хадамоти гумруки ИДМ  ба самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла,  мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои химиявӣ ва психотропӣ, прекурсорҳо, инчунин қочоқи молу маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Россия ширкат доштанд.  Ҳамзамон  дар ҷаласа намояндагони Хадамоти даромадҳои давлатии  Латвия,  Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави  ИДМ, кормандони Маъмурияти миллии даромадҳои  Полша ба ҳайси нозир ширкат варзиданд.

Бо дахли фаъолияти Кумитаи  роҳбарони воҳидҳои  ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки  ИДМ, Азим Турсунзода зикр кард, ки рушди ҳамкории байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи равишҳои умумӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аҳамияти хоса дорад. «Мо ба ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти  гумруки ИДМ, ки  ҷузъи наздикшавӣ ва  тақвияти  ҳамкорӣ дар самти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ маҳсуб меёбанд, аҳамияти махсус медиҳем»,  гуфт А. Турсунзода.

Зикр шуд, ки дар доираи  фаъолияти Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи  Шӯрои роҳбарони  хадамоти гумруки ИДМ  таҷрибаи мусбат дар ҳамкории бисёрҷониба ба даст оварда шудааст. Татбиқи амалии табодули иттилооти фаврӣ тавассути низоми  махсуси ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук бо истифодаи шабакаи алоқаи минтақавии RILO-Москва на танҳо имкон медиҳад, ки робитаҳои мақомоти гумруки ИДМ тавсеа ёбанд, балки он механизми дигари ҳамкории мақомоти гумрукро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон ба роҳ мемонад.

Бо кумаки методологии Кумита бисёре аз воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ  тақвият дода шудаанд. Дар ҷараёни ҷаласа табодули афкор сурат гирифта,   оид ба масъалаҳои мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ҳангоми интиқоли чӯб ва маҳсулоти комплекси сӯзишворию энергетикӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, такмили механизмҳои табодули иттилоот роҷеъ ба эҳтимоли интиқоли ғайриқонунии молҳо тавассути долонҳои авиатсионӣ,  истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таҷрибаи бахшҳои тафтишоти гумрукӣ ва дархостҳои гумрукии мақомоти гумруки ИДМ қарорҳои марбута  қабул гардиданд. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳнкунии ғайриқонунии моддаҳои таъсирашон сахт, маводи мухаддир, арзишҳои фарҳангӣ ва молҳои дорои таъйиноти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои ИДМ, масъалаи ташкили модели ягонаи матритсаи таҳдидҳо барои интиқоли ашёи манъшуда дар шабакаи почтаи байналмилалӣ ва борҳои экспресс (оҷилӣ) баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки модели мазкур имкон медиҳад, ки таҳлили самаранок  дар доираи интернет- савдои фаромиллӣ фароҳам оварда, ба гузаронидани  чорабиниҳои  амалӣ ва мушаххас доир ба роҳ надодан  ва пешгирӣ аз вайронкунии қонунгузории гумрукӣ  мусоидат намояд.

Инчунин дар ҷаласа ба таҳқиқоти бунёдӣ оид ба рушди фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи  мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ  анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он лоиҳаи Консепсия оид ба такмили фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба соҳаи гумрук  дар давраи то соли 2030 таҳия  гардидааст, таваҷҷуҳи махсус  дода шуд. Ҳуҷҷати мазкур ҳадафҳои асосӣ, вазифаҳо, самтҳо ва афзалиятҳои фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро инъикос мекунад.

Дар ҷаласа инчунин нақшаҳои тасдиқшудаи Гурӯҳи кории Кумитаи  роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар  мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва қонунвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук, шабакаи минтақавии алоқа оид ба ҳифзи ҳуқуқи СҶГ барои кишварҳои ИДМ RILO-Москва, нақшаи  чорабиниҳо оид ба ташкили такмили ихтисоси кормандони воҳидҳои  ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки ИДМ  баррасӣ гардиданд. Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи  роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ-ро тасдиқ намуданд, ки тибқи он  чорабиниҳо барои соли 2020 муайян гардиданд.

                                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2019 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид