Дар доираи Фестивали байналмилалии «Дидор» дар мавзӯи «Масъалаҳои синамои мустанади муосир дар мамлакати ҷудогона» ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар доираи Фестивали байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор»-2019 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Масъалаҳои синамои мустанади муосир дар мамлакати ҷудогона» бо иштироки ҳайати доварон, когардонҳо ва киношиносон суҳбати «мизи гирд» баргузор гардид.
Киношинос, доктори илми фалсафа Саъдулло Раҳимов ба ҳаомиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳозирин хоҳиш кард, то дар бораи вазъи филмсозии мустанад дар кишварҳояшон маълумот диҳанд.
Нахуст коргардони филми «Мерос» Элҷон Аббосов дар бораи вазъи филмбардории мустанад дар Ӯзбекистон сухан гуфт. Ӯ гуфт, ки «аз ҷониби ҳукумат кинои миллӣ дастгирӣ меёбад. Ин филмҳо бештар портретӣ мебошанд. Филмҳои мустанади муаллифӣ аз ҷониби коргардонҳои мустақил наворбардорӣ мешаванд».
Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ дар бораи вазъи мустанадсозӣ дар Афғонистон суҳбат карда, гуфт, ки “новабаста аз он ки кишвар 40 сол боз ноором аст, аммо филмҳои мустанад аз ҷониби ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, наворбардорӣ мешаванд. Аз ҷумла, як моҳ қабл филми мустанади директори «Афғонфилм» хонум Саҳро Каримӣ бо номи «Ҳаво, Марям, Оиша» ба Ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуд”.
Коргардони филми «13 километр» Владимир Тюлкин дар бораи банаворгирии филмхои мустанад дар Қазоқистон гуфт, ки ҳоло барои ҷавонон имконияти хуби филмбардорӣ ба вуҷуд омадааст, зеро бо дастгоҳҳои гуногун метавон филмбардорӣ кард. Ба «Қазоқфилм» аксаран ҷавонон ҷалб карда мешаванд ва онҳо аз рӯйи фармоиши давлатӣ филм мебардоранд. Давлат ба филмҳои муаллифӣ манфиатдор нест.
Продюссери филми «Муаллим» Саида Худойберганова гуфт, ки Қирғизистон воқеан ҳам кишвари демократӣ аст ва ҳоҳишмандон метавонанд дар он озодона филмҳои хуби дилхоҳашонро наворбардорӣ бикунанд.
Узви доварони фестивал Алиризо Шоҳрухӣ гуфт, ки “дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои филмсозии мустанад шароити хуб муҳайёст ва студияҳои мухталиф ба филмбардорӣ машғуланд. Моҳи декабри соли равон дар Теҳрон Кинофестивали байналмилалии филмҳои мустанад баргузор мегардад. Ман пешниҳод кардам, ки беҳтарин филмҳои тоҷикӣ низ дар он иштирок кунанд. Ҳамчунин ман метавонам пешниҳод намоям, ки барои намоиш дар Телевизиони Эрон филмҳои тоҷикӣ харидорӣ шаванд».
Киношинос, доктори илми санъатшиносӣ аз Қазоқистон Гулнора Абикиева дар бораи филмҳои мустанади минтақа ҳарф зада, гуфт, ки «дар давраи бозсозӣ ва солҳои аввали истиқлолият мустанадсозӣ хеле ривоҷ карда буд, баъдан таваҷҷуҳ ба филмҳои мустанад коҳиш ёфт. Филмҳои мустанад дар телевизион ба гузоришҳо монанд шуданд. Ҳоло воқеан ҳам филмбардории мустанад дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
Филмҳои мустанад аксаран мавзӯъҳои иҷтимоиро фаро гирифта, бояд таъсире дар ҷомеа гузоранд. Ҳоло шароити мусоиде барои филмбардории мустанад ба вуҷуд омадааст. Мехоҳем, филмҳое ба мисли шабакаҳои «Discovery Channel» ва «National Geographic» бардошта шаванд.
Аксари иштирокдорони ҳамоиш изҳор карданд, ки баргузории нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» барои рушди минбаъдаи филмсозии мустанад мусоидат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки тибқи анъана, ҳар як фестивали “Дидор” ба бузургдошти як филмбардори барҷастаи тоҷик бахшида мешавад. Фестивали имсола ба бузургдошти мустанадсози маъруфи тоҷик Мамадқул Арабов –“филмбардори фронтӣ”, собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, иштирокчии паради Ғалаба дар шаҳри Москва бахшида шуда буд. Барои бузургдошти устоди арҷманд филмҳои «Бобоҷон Ғафуров: хориқаи таърихии “Тоҷикон”» ва «Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов» бо коргардонии духтараш Шарофат Арабова намоиш дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» филмҳои таҳиякардаи мустанадсозони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Россия, Афғонистон, Эрон, Британияи Кабир, ИМА, Германия, Ҳолланд, Фаронса, Чехия ва Исроил иштирок карданд.
Тавре иттилоъ додем, ҳайати доварони байналмилалӣ- наворбардор ва коргардони барҷастаи филмҳои мустанад Георгий Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои санъатшиносӣ, мунаққиди кино Абикеева Гулнора Ойратовна (Қазоқистон), директори иҷроияи IRIB MEDIA Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) ҷоизаҳои аслии Фестивалро ба филмҳои арзанда тақдим намуданд.
Аз ҷумла, филми мустанади «Устод Кимёгаров»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов соҳиб Шоҳҷоизаи швейтсарии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» гардид. Ҳамзамон Шоҳҷоизаи швейтсарии ин Кинофестивали байналмилалӣ барои беҳтарин филми баланди мустанад ба филми «Ҳазор духтаре, мисли ман»-и коргардон Саҳро Мусавӣ-Монӣ аз Афғонистон ва барои беҳтарин филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ ба филми «Охири Замин»-и коргардон Дмитрий Степанов аз Россия дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки маросими супоридани Шоҳҷоиза ва анҷоми расмии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» шоми дирӯз дар Хонаи кино-кинотеатри «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ҷамъбасти он директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, раиси Кумитаи тадорукоти кинофестивали байналмилалии “Дидор” Носир Раҳмон, ҳунармандон шоирону нависандагон, аҳли зиё аз мамлакатҳои дуру наздик дар толори калони кинотеатри “Зебунисо” ҷамъ омада, ба коргардонҳову муаллифони филмҳои мустанад ҷоизаҳояшонро супориданд.
Пас аз анҷоми Фестивали мазкур мушовири байналмилалӣ оид ба филмҳои мустанад Ҷулиана Паррони (ИМА) дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ман дар чандин мамлакати ҷаҳон, дар даҳҳо кинофестивалҳои байналмилалӣ будам. Аммо чунин меҳмоннавозиву самимиятро дар ҳеҷ куҷо надидам. Мехоҳам сидқан, аз самими дил изҳори сипоси худро ба Ҳукумати Тоҷикистон ва баргузоркунандагону мутасаддиёни “Дидор”-2019 расонам. Ман мехоҳам, ки дубора ба Тоҷикистон баргардам”.
Хотирнишон бояд кард, ки Фестивали байналмилалии филмҳои мустанад «Дидор» 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти асосӣ дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва шарикони доимии он–Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор гардид.
С. ШОИК,
АМИТ «Ховар»