Дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» оғоз гардид

Октябрь 26, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони  «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба кори худ оғоз кард. Фестивали мазкур   то 30 октябр идома ёфта, дар   доираи он баргузории  се консерт — мусиқии анъанавӣ, сози арғунун ва мусиқии камеравӣ ва симфонӣ, ҳамчунин  намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдор дар назар дошта шудааст. Консерти мусиқии анъанавӣ 27 октябр бо иштироки доираи васеи меҳмонони ҷашнвора  ва устодони донишкада баргузор мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивали мазкур  олимон, мусиқинавозон, устодони ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин ҳунармандони маъруф аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок доранд.

Ректори донишкада  Хайриддин Усмонзода  дар ифтитоҳи Фестивал зикр кард, ки   Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода узви Ассосиатсияи донишкадаҳои фарҳанг ва санъати Авруосиё мебошад.

«Бояд гуфт, ки  Ассосиатсияи мактабҳои олии соҳаи фарҳанг  ва санъати Авруосиё соли 2017 таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари донишкадаҳои дигари Авруосиё дар ташкили ин ассосиатсия нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ,  бисёре аз ҷашнвораҳо дар шарикии   ҳамдигар баргузор мегарданд», — афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ мегардад. Ҷашнвора  бори нахуст аст, ки якҷо бо намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ доир гардида, дар он   рангорангии эҷодӣ ва зеҳнӣ, ғановатмандии анъанаҳои бадеии Авруосиё дар мазмуну мундариҷаи равандҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар марҳалаи имрӯза нишон дода мешавад.

Тавре ноиби Ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Раҷабмад Амиров иброз дошт,  мақсад аз баргузории ин ҳамоиши  сатҳи баланд  дар фазои кишаварҳои ИДМ нишон додани дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шинос шудан бо дастовардҳои фарҳангии кишварҳои узви кишварҳои ИДМ мебошад.  «Иштирокдорони фестивал дар барномаҳои  асосии ин ҳамоиш имкон пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳои бадеии кишварҳои иштирокдор ва шакли кунунии онҳо шинос шаванд. Ҳамчунин дар бораи гуногуншаклии фазои муштараки фарҳангии Авруосиё, ки ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат менамоянд, маълумоти зарурӣ ба даст оранд. Ин имкон медиҳад, ки   ҳамкории илмӣ-эъҷодӣ дар оянда боз ҳам тақвият ёфта, барои рушди соҳаи фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшад»,-  илова кард номбурда.

Мавриди зикр аст, ки ҳамзамон дар чаҳорчӯбаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъати Авруосиё дар донишкадаи мазкур Маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ таъсис гардид.

Дар назар аст, ки пагоҳ, 27 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони ин  фестивали байналмилалӣ мулоқот намояд. Сипас дар доираи ин  Фестивал  дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ» ҳамоиш  доир мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки  давоми се рӯзи баргузории Фестивал    олимони маъруфи соҳаҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқинавозони шинохта, ҳунармандони  маъруф  аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия маърӯзаҳои илмӣ намуда, дарсҳои маҳорат (мастер- классҳо)  мегузаронанд. Инчунин  онҳо шоҳасарҳои санъати мусиқиро   манзури тамошобинон мегардонанд.

 

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 26, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад