Дар фестивал-намоиши Меҳргон дар Кӯлоб 37 номгӯй маҳсулоти нонӣ ва 57 номгӯй таомҳои миллӣ манзури тамошобинон гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили Иди Меҳргон намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид.
Дар ин намоиш- фестивал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати мамлакат иштирок дошданд.
«Мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расида, дар ин давра таҷлили иди касбии кишоварзон ва Иди Меҳргон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад»,- иброз намуд дар ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.
Меҳмонони намоиш ба дастранҷи кишоварзон ва хони оростаи бонувони Хатлонзаминро баҳои баланд дода, ин фаровониро нишона аз соҳибистиқлолӣ ва меҳнати ҳалоли марди деҳкон арзёбӣ намуданд.
Кишоварзони баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар амалӣ сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаро ба 3 миллиарду 721 миллион сомонӣ расониданд. Афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,3 млн сомониро ташкил медиҳад.
Яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ғаллакорӣ ба шумор меравад, ки соли равон хоҷагидорон аз майдони 115,5 ҳазор гектар 280,1 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол намуданд.
Дар минтақа ба рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, полезикорӣ ва боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, 273 ҳазор тонна сабзавот, 120,1 ҳазор тонна полезӣ, 83,2 ҳазор тонна картошка, 82,7 ҳазор тонна мевагӣ ва 28,8 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ саҳми кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара ва Восеъ назаррас мебошад.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он вилояти Хатлонро бо заҳмати кишоварзон, алалхусус бо ғалладона, ҳандалаки барвақтӣ, тарбузу харбуза, сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбораш мешиносанд.
Инчунин таҷлили фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» воситаи беҳтарини ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги пурғановати ниёгонамон мебошад, ки дар шакли моддию ғайримоддӣ то ба мо омада расидааст.
Дар ин намоиши кишоварзӣ беш аз сад нафар занону духтарони ҳунарманд иштирок намуда, 37 номгӯй маҳсулоти нонӣ ва 57 номгӯй таомҳои миллиро манзури тамошобинон гардониданд.
Дар ҷамъбаст иштирокдорони фаъоли намоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии шаҳри Кӯлоб бо туҳфаҳо ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.









Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии ҶСО «МегаФон»-и Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд






