Дар Кӯлоб Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд «Кӯлоб-2019» бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар оғози анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир ба мавзӯи мавриди баррасӣ ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни баргузории анҷуман аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат рӯнамо дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба фаъолият ва рушди МОИ бо ду-се забон пешкаши ҳозирин карда шуд.
Дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намоиши молҳои истеҳсоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҶДММ «Пиштоз Посгард Тоҷикистон»; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҶСК «Такстелеком»-и шаҳри Тюмени Федератсияи Россия бояд баргузор гардад.
Инчунин иштирокчиёни Анҷуман аз Минтақаи озоди иқтисодии навтаъсиси «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли ришта ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дар хоҷагии Мир Саид Алӣ Ҳамадонии минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дидан менамоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 1 марти соли 2019 дар масоҳати 309 гектар дар намуди саноатию инноватсионӣ таъсис дода шудааст.
Чунин анҷуманҳо бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлону Суғд, минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе, ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардидаанд.










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






