Дар Москва ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид

Октябрь 8, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 08.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вазирони ҳар ду давлат  нақшаи кори  вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, густариши равобити  мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ  зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамкории  мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи баргузории  ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам тавсеа  меёбад.  Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи  иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам   мавриди  муҳокима  қарор дода  мешаванд.

Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ  ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ  байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия як зумра  таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Дар интиҳои ҷаласа вазирони ҳар ду мамлакат сухани хотимавӣ гуфта, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.

Октябрь 8, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид