Дар ноҳияи Шуғнон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал баргузор мешавад

Октябрь 10, 2019 12:04

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди  маҳали  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Қосим Роҳбар баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди  маҳал ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи сайёри Кумита дар ҷамъбасти ҳар семоҳа аз шаҳру ноҳияҳо дидан менамояд. Дар семоҳаи аввали сол  ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумита дар ноҳияи Варзоб доир гардида буд.

Ин навбат ҳайати мушовара шурӯъ аз 7 октябр бо роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар ба ноҳияи Шуғнон сафар намуд. Зимни сафари мазкур аъзои ҳайат бо ҷараёни ободонию бунёдкорӣ дар шаҳраку ҷамоатҳои ин ноҳия шинос мешаванд. Ҳамзамон дар ноҳия озмуни «Шаҳрак ва ноҳияи беҳтарин» ва  семинари омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласаи мушовара такмили низоми идораи маҳаллӣ дар асоси натиҷаи омӯзиши ҷараёни татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳадафи боздид аз ноҳияи Шуғнонро  гурӯҳи сайёри Кумита муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони мамлакат, ки ҳадафи олитарини Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, арзёбӣ намуд.

Октябрь 10, 2019 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд