Дар ноҳияи Ёвон фермаи чорвои калони гӯштӣ барои нигоҳдории 3000 сар бунёд мешавад

Октябрь 10, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон фермаи чорвои калони гӯштӣ барои нигоҳдории 3000 сар бунёд мешавад. Дар ин бора масъулини фермаи чорводории гӯштии хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Мармарӣ”, воқеъ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти “Обшорон” ба Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти сохташаванда ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ намуд, хабар доданд.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки фермаи чорвои калони гӯштӣ барои нигоҳдории 3000 сар чорво пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур ба маблағи 8,5 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ҶДММ “Мармарӣ” сохта шуда истодааст. Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Мармарӣ” мебошад.

Ҷамъияти мазкур барои пешбурди кори соҳа бо 750 гектар замин таъмин гардидааст.

Зикр гардид, ки дар ҳолати пурра ба фаъолият шурӯъ намудани ин ҷамъият 600-700 ҷойи корӣ муҳайё гардида, аз ин ҳисоб 20 нафар дар фермаи чорводории гӯштӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, дар навбати аввал моҳи марти соли 2020 бинои нигоҳдории чорво барои нигоҳдории 1000 сар бунёд мегардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расидани сохтмони ферма дастуру тавсияҳо дод.

Дар идомаи сафар раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ дар кӯчаи ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон боздид кард.

Бинои маъмурии дуошёнаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо маблағгузории аъзо ва саҳми ҷонибдорони ҳизб сохта мешавад. Маблағи умумии иншоот 380 ҳазор сомониро ташкил дода, то ин муддат ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки бинои мазкур аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, то ҷашни 25-солагии таъсиси ҲХДТ бояд пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо лоиҳаҳои ангоравии боғҳои Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бозори марказӣ ва Терминали ноҳия дар доираи ҷойгиршавии Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шинос шуд.

Раиси вилоят ба масъулони ноҳия ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурдани иншооти мазкур ва ороиши намои зоҳирии онҳо тавсияҳои судманд дод.

Пасон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пули барқароршудаистодаи мошингузар, воқеъ дар кӯчаи ба номи Р. Раҷабови Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”, дар шафати бозори марказии ноҳия дидан намуд.

Қобили зикр аст, ки боришоти боронҳои бошиддат, жола ва омадани селу лойқа дар рӯзи 25 апрели соли 2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳияи Ёвон хисорот расонида, пули мошингарди кӯчаи ба номи Р. Раҷабови шаҳраки Ёвонро пурра аз байн  бурда буд. Дар ин мавзеъ гаштугузори нақлиёт ва пиёдагардон манъ гардида, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия мушкилии ҷиддӣ ба миён оварда буд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон соли 2016 барқарорсозии пули мазкур, ки тибқи лоиҳа барои он бояд 23 миллион сомонӣ сарф шавад, оғоз гардида, айни ҳол идома дорад. Ба раиси вилоят гузориш доданд, ки то инҷониб дар иншооти мазкур 6,2 миллион сомонӣ аз буҷаи маҳал, 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон маблағгузорӣ гардида, ба ҳамин андоза корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Иншооти мазкур дар нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, барои сари вақт ба истифода додани он 16,2 миллион сомонӣ зарур мебошад.

Октябрь 10, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд