Дар вилояти Суғд Иди Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз идҳои қадимтарини тоҷикон – Меҳргонро сокинони вилояти Суғд низ дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Ин ҷашни аҷдодӣ дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷашн гирифта шуда, дар намоишгоҳи он намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастранҷи хешро ба маъраз гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар намоиши мазкур иброз дошт, ки Меҳргон муждаи аввалини тирамоҳи зарнисор аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб ва худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, дар давраи истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти ватанамон хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили бошукӯҳи Меҳргон дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори давлати азизамон мусоидат хоҳад намуд.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






