Кишоварзони Бохтар дурнамои истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд

Октябрь 5, 2019 13:11

ДУШАНБЕ, 05.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтар 4 октябр дурнамои истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро намуданд.

Заркорони Бохтар имсол дар майдони 310 гектар чигит  кишт карда, то имрӯз аз ҳар гектар 23-сентнерӣ «тиллои сафед» рӯёниданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр бомаром идома дошта, пахтакорон азм доранд ҳосили боқимондаро то пағаи охирин ҷамъ оваранд.

Ёдовар мешавем, ки 5 рӯз қабл заркорони шаҳри Левакант низ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта мужда дода буданд.

Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант имсол дар майдони 1010 гектар кишти пунбадона гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Левакант ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода низ бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот сарфароз гардид.

Октябрь 5, 2019 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?