Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба Тоҷикистон омад

Октябрь 30, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Инчунин имрӯз вохӯрии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дар назар аст.

Октябрь 30, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд