Маҳсулоти тавлидотии «Made in Tajikistan» ба бозорҳои Чин роҳ меёбад

Октябрь 1, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 01.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019», ки 29 апрел ифтитоҳ шудааст, 7 октябр ба анҷом мерасад. Шиори павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Боғдорӣ дар рушди деҳот» мебошад.

То моҳи сентябр аз гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019», ки дар Пекин идома дорад, 3 миллиону 200 ҳазор нафар боздид намудаанд. Дар хабаре, ки аз Палатаи  савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор ва рӯзҳои истироҳат то 45 ҳазор меҳмон аз  гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ном дорад,  дидан мекунанд.

Мусаллам аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019» моҳи апрел таҳти унвони «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ифтитоҳ гардида, то  7 октябр идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории  «ЭКСПО -2019» маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои хусусии Тоҷикистон, назири «Интермед», «Абрикос ва компани», «Оро», «Исфара», «Баракати Исфара», «Исфарафуд», «Меваи Қанд», «Экофрути Исфара», «Аввалин», «Амирӣ», «Ширин», «Сиёма», «Оби Зулол», «Зода», «Субҳи Ватан», «Комбинати хӯроквории Бохтар», «Рухом», «Асрори Санг» ба намоиш гузошта шудаанд. Маҳсулоте, ки ширкатҳои мамлакат истеҳсол намуда, дар намоишгоҳ гузоштаанд,  меҳмононро на танҳо бо хусусиятҳои хоси миллӣ, балки бо таъми баланд ва сифати тозаи экологӣ ҷалб менамоянд.

директори генералии «Абрикос и компани»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Ашӯров мегӯяд, ки «дар «ЭКСПО-2019» дар Пекин мо имконият пайдо намудем, ки маҳсулоти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш диҳем. Бо назардошти талаботи зиёд ба маҳсулотамон  мақомоти Чин ба мо иҷозат доданд як ширкати савдо ва истеҳсолӣ кушоем, ки он барои рушди  содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба Чин хеле муҳим аст. Дар Чин на ба ҳама хориҷиён иҷозати истеҳсол ва фурӯши озуқаворӣ дода мешавад, чунки  ин иҷозати махсуси мақомотро талаб мекунад».

Директори ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов  гуфт, ки «бо шарофати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО-2019» дар Пекин мо мушоҳида кардем, ки маҳсулоти ҳунармандии истеҳсоли Тоҷикистон  дар Чин талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ширкати мо тасмим гирифтааст намояндагии тиҷоратии ширкати худро  дар Чин боз намояд».

Октябрь 1, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид