МАРДИ НАКӮНОМ НАМИРАД ҲАРГИЗ. Ангурпарвари маъруфи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Камол аз олам даргузашт

Октябрь 4, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 04.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари маъруфи Тоҷикистон Камол МАДУМАРОВ дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо писари калонии марҳум Камол Мадумаров телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хостанд.

Камол Мадумаров 10 феврали соли 1940 дида ба олами ҳастӣ кушода, аз овони хурдӣ нисбат ба замин ва бунёди боғ муҳаббати беандоза дошт.  Аҳли хонаводаи Камол Мадумаров бо назардошти мувофиқи иқлим будани парвариши ангур ва даромаднокии он то соли 1989 дар миқёси замини наздиҳавлигии хеш ангурпарварӣ мекарданд. Баъди соли 1989 панҷ гектар замин ба иҷора гирифта, оҳиста-оҳиста масоҳати боғи ангурро зиёд мекунанд.  Соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии онҳо — «Боғи Сомон», 500 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба парвариши навъҳои гуногуни ангур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашта, бештар ангури «Ҳусайнии сафед» парвариш карда мешавад, ки зиёда аз 70%-и масоҳати умумии токзорро ташкил медиҳад. Инчунин онҳо навъҳои «Чиллагӣ»,  «Шоҳона», «Ангушти хонум», «Ғалаба» ва ғайраҳоро парвариш мекунанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ки бо ташаббус ва заҳмати софдилонаи деҳқони асил Камол Мадумаров ташкил шудааст, зиёда аз 1100 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Камол Мадумаровро на танҳо сокинони шаҳри Турсунзода, балки тамоми ҷумҳурӣ  чун Ҳоҷӣ Камол, деҳқони номдор ва ангурпарвари маъруф мешиносанд. Меҳру муҳаббате, ки вай нисбат ба замин, ба ҳар зарра хоки ганҷбор дорад, ӯро ба сатҳи хеле баланд, яъне ба мартабаи деҳқони асил, ангурпарвари номӣ, пири кор расондааст. Суҳбатҳои гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ангурпарвари номдор на як бору ду бор ба вуқӯъ пайвастаанд. Заҳматҳои шабонарӯзиаш, дилу нияти некаш, боғдорию боғпарвариаш ӯро соҳибобрӯ ва соҳибэҳтиром кардаанд.

Саҳми ин марди соҳибҳунар ва инсони накӯ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва хайру сахо низ назаррас аст.

Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар шаҳри Турсунзода мактаби асосии рақами 92-ро аз ҳисоби даромади дастранҷи боғпарварии хеш бунёд кард, ки имрӯз садҳо толибилм дар ин макони маърифат дониш меомӯзанд. Ҳамзамон, пайваста барои Фонди рушди деҳот, Фонди хайриявии ҷумҳурӣ ва дигар корҳои хайр кумаки молиявӣ расонида, дар таъмиру навсозии роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ саҳм гузоштааст.

Сокинони деҳаи Бобониёз Тошев, ки солҳои зиёд ба оби тозаи ошомиданӣ  ниёз доштанд, бо ташаббуси Ҳоҷӣ Камол аз ҳисоби маблағҳои софи хоҷагӣ бо маблағи 20 ҳазор доллари ИМА чоҳ канда, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Ғайр аз ин, бинои як боғчаи вайрона ва аз кор мондаро харида, ба сарбозони Вазорати мудофиаи мамлакат туҳфа намуд.

Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарини он меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ зимни ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз токзори хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Камол дидан мекунанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз боғҳои ангури хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дидан намуда, ба ин хоҷагӣ мошини сабукрав тақдим намуд.

Саъдии бузургвор дуруст фармуда, ки «марди накуном намирад ҳаргиз». Албатта, Соҳибҳунарӣ, инсондӯстӣ, накӯкорӣ ва рафтори намунавии Ҳоҷӣ Камол номи ӯро ба накӯӣ ҷовидона хоҳад дошт.

Октябрь 4, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд