«МАРО НЕСТ З-ОҲАНГАРӢ НАНГУ ОР…». Дар Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир гардид

Октябрь 26, 2019 15:23

ДУШАНБЕ, 26.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ршди сайёҳӣ хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҳунармандон, меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва сокинони пойтахт иштирок доштанд.

Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши пешниҳоднамудаи ҳунармандони оҳангару мисгар дидан карда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ баҳогузорӣ намуданд.

Дар маросими кушодавии намоишгоҳ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшамбезода ва раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода суханронӣ карданд.

Зимни суханронии худ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Н. Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 (Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ) тасдиқ гардид. Баргузории ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки тарғибу ташвиқи онҳо саривақт ва ба муҳлати муайян амалӣ карда шавад ва ин ҷашну ид ва фестивалу озмунҳо ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.

Имрӯзҳо фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид,  имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ,  аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёёбад, ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад.

Мояи сарфарозист, ки соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба имзо расид. Ба имзо расидани Қонуни мазкур заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ баҳри рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ гарданд.

Тибқи Қонуни мазкур, масъалаҳои зиёди соҳаи ҳунармандӣ ҳал гардид, аз ҷумла мақоми ваколатдори соҳа муайян карда шуда, Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.

Бо мақсади таҳияи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барномаи мазкур таҳия  ва ба унвони Ҳукумати мамлакат ирсол гардид.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» миёни дӯстдорони ин ҳунар дар доираи татбиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тарғиб гардид.

Озмуни мазкур дар се давра – ноҳиявӣ моҳи апрел дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятӣ моҳи май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир гардида, иштироккунандагон дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ намоиши театрикунонидашуда оид ба ҳунари мисгарию оҳангарӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиш дода шуда, баҳри болидахотирии иштирокчиён консерти ҳунармандони ансамбли «Ганҷина»-и Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев пешкаш  карда шуд. Дар он ашъори классикони адабиётамон, аз ҷумла ин мисраҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ садо доданд:

Маро нест з-оҳангарӣ нангу ор,
Хирад бояду мардӣ, эй бодсор!

Ҳамин тариқ тибқи натиҷаҳо ва баҳогузорию хулосаи комисияи озмунӣ ҷойи якум насиби Турсуналӣ Солиев – оҳангар аз шаҳри Ҳисор, ҷойи дуюм насиби Мирзо Мансуров — мисгар аз шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм насиби Олуча Оқулбеков – оҳангар аз ноҳияи Роштқалъа гардид.

Ҳамчунин, сипосномаҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳунармандон барои иштироки фаъолашон дар озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» ва ба як қатор мақомоти маҳаллӣ барои дастгирӣ дар озмуни мазкур тақдим карда шуд.

Мақсади асосии ташкил ва гузаронидани озмун ин тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Октябрь 26, 2019 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Шуруъ аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад