ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда мешавад. Инчунин борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят шабона барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм) мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада, шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, шуда, шабона ва саҳар боришоти назаррас (0-0,5мм) дар назар нест. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, ( шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 м барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда мешавад. Инчунин борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






