ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад

Октябрь 5, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона бебориш, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бе бориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Инчунин рӯзона ба амал омадани раъду барқ ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 20+25 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва  рӯзона 13+18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  вазида, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Инчунин дар ин мавзеъҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда абрнок шуда, рӯзона бебориш, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат ва  ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 5, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид