Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст мегардад

Октябрь 31, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 6 то 10 ноябр  даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Тавре котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода иттилоъ дод, 30 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, аъзои ҳакамони озмун, коргардонҳо ва гурӯҳи кории озмун иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории даври ҷамъбастӣ ва барномаи консертӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории озмунро интихоб намуданд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки тӯли ин рӯзҳо ба ҳунарнамоии номинатсияҳо дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори иштирокчиёни ҷаласа 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи муҳташами консертӣ  баргузор мегардад.

Октябрь 31, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад