РАДДАБАНДИИ «DOING BUSINESS 2020»: Тоҷикистон ба бистгонаи давлатҳои ислоҳотгар дар пешбурди тиҷорат шомил гардид

Октябрь 3, 2019 12:25

ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии нави Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат 2020» («Doing Business 2020») ба бистгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР менависад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, Тоҷикистон бо ворид намудани сабти ҳифзи иҷтимоӣ дар раванди бақайдгирии ширкат пешбурди тиҷоратро сабук гардонид.

«Тоҷикистон инчунин бо роҳандозии феҳристи ягонаи муосири гаравҳо дар асоси огоҳинома, густариши соҳаи дороиҳое, ки метавонанд ба сифати таъмин истифода шаванд ва пешниҳоди афзалияти мутлақ ба қарздиҳандагон дастрасӣ ба қарзро тавсеа бахшид», — гуфта мешавад дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ.

Ҳамчунин дар он омадааст, ки илова бар ин, мақомоти гумруки Тоҷикистон оид ба ташкил ва тезонидани барасмиятдарории гумрукии содироти молҳои зудвайроншаванда як зумра тадбирҳо андешидаанд.

Феҳристи мазкур аз 20 давлат, ки нишондоди сабукгардонии пешбурди тиҷоратро ба дараҷае беҳтар мекунанд, бо тартиби алифбо таҳия шудааст. Кишварҳо бар асоси шумораи ислоҳот ва дар заминаи он, ки чӣ гуна нишондоди сабукгардонии пешбурди тиҷорат беҳтар шудааст, интихоб карда мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ ба ин феҳрист кишварҳоеро интихоб мекунад, ки дар онҳо ислоҳоти сабуккунандаи пешбурди тиҷорат дар се ё зиёда аз 10 соҳа, ки ба нишондоди умумии сабукгардонии пешбурди тиҷорат дар ин сол дохил гардидаанд, гузаронида шудааст.

Ин кишварҳо аз рӯи болоравии нишондоди сабукгардонидии пешбурди тиҷорат дар натиҷаи ислоҳоти соли гузашта тасниф карда мешаванд. Интихоби иқтисодҳои такмилёфта аз рӯи пешрафтҳои назаррас дар самти сабукгардонии пешбурди тиҷорат дар байни кишварҳое, ки ҳадди ақал се ислоҳот гузаронидаанд, сурат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Тоҷикистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Чин, Ҷибути, Ҳиндустон, Урдун, Кения, Косово, Кувайт, Қирғизистон, Мянмар, Нигерия, Покистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Того, Ӯзбекистон ва Зимбабве низ ба бистгонаи раддабандии «Doing Business 2020» шомил мебошанд.

Муаррифии расмии раддабандии «Doing Business 2020» охири моҳи октябри соли 2019 баргузор хоҳад шуд.

Гузориши «Пешбурди тиҷорат» пажӯҳиши солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки сабукгардонии пешбурди тиҷоратро дар 190 кишвар бар асоси 10 нишондиҳанда арзёбӣ мекунад.

Гузориш ба арзёбии санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар тӯли давраи ҳаёт ва тартиби истифодаи онҳо дар амал нигаронида шудааст.

Гузориш аз соли 2003 инҷониб таҳия шуда, одатан тирамоҳ нашр мегардад. Аз соли 2005 инҷониб дар гузориш раддабандии давлатҳо дар самти сабукгардонии пешбурди тиҷорат вуҷуд дошта, аз соли 2006 инҷониб кишварҳо аз рӯи нишондодҳо низ арзёбӣ мешаванд.

Октябрь 3, 2019 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст