Сафири Тоҷикистон бо Амири минтақаи Қасcими Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ 1 октябр бо Амири минтақаи Қассим Шоҳзода Файсал ибни Мишъал ибни Сауд ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрии заминҳо зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Баъд аз мулоқот бо Амири минтақа дигар вохӯриҳои муфиди Сафир бо Мудири кулли Хадамоти обёрии минтақаи Қассим муҳандис Абдулмуҳсин ибни Муҳаммад Алфурайҳӣ, Раиси кулли Хадамоти рушди иқтисодӣ ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Аларайнӣ, муовини Мудири кулли намояндагии Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии ШАС дар минтақа Салоҳ ибни Солеҳ Ал- Абдулҷаббор ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






