Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз вилояти Хатлон боздид намуд

Октябрь 16, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст.

Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи хоҷагӣ дар 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бо ҳашт навъ бунёд мегардад. Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об шинос шуданд.

Пасон Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази хизматрасонӣ боздид намуданд.

Маркази хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, бо ибтикори соҳибкор Мустафо Мирзоев амалӣ мешаванд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар он ташкили ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, лойдармонӣ ва маркази савдо пешбинӣ гардидааст. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 12 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон инчунин сохтмони фермаи бузпарварӣ барои 1000 сар бузи ширӣ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ҷараён дорад.

Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудаанд. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Дар сурати ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Октябрь 16, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад