Шаҳритуз сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расид
ДУШАНБЕ, 14.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритуз 13 октябр дар бораи иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтаи имсола муждаи зафар доданд. Шаҳритуз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расидааст.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, заркорони ноҳия имсол дар майдони 5250 гектар пунбадона кишт намуда, аз аввали мавсим то имрӯз ба ҷойи 11950 тоннаи дурнамо ба қадри 12 ҳазору 14 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд ҳосили боқимондаро то кӯраки охирин ғун кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр заркорони шаҳри Левакант дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд. Заркорони шаҳри Бохтар 4 октябр дурнамои мавсимро пурра таъмин намуданд.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
Тибқи ҷамъбасти даври якуми ин мусобиқаи меҳнатӣ, ҷойи аввал ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотро заркорони ноҳияи Шаҳритуз аз они худ карда буданд.
19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.
Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то рӯзи 11 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 207 ҳазору 301 тонна ҳосили «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 75,3 дарсади дурнамои солона баробар аст.








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






