Шариф Назарзода: «Сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон дар ноҳияи Синои Душанбе зиёд аст»

Октябрь 2, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 02.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе ва   роҳбарияти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар мавзӯи   баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  сокинон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, иҷрои  дастуру супоришҳо ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  ҳамоиш доир гардид.

Дар ҷамъомад  муовинони раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода, раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода,  роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, инчунин  масъулини ноҳияи Сино   иштирок  намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, дар ҷамъомад  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки имрӯз таҳти  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ пойтахти  тоҷикон — шаҳри Душанбе  рӯз аз рӯз  зеботару  шукуфон гашта, барои  сокинону меҳмонони он  шароити хуби фаъолият ва зист   фароҳам оварда шудааст.

«Сокини пойтахт будан мояи ифтихор аст. Зеро ҳар сокини он  метавонад  ва имкон дорад, ки  дар муаррифии шоистаи  миллати мо ба ҷаҳониён саҳми намоён гузорад. Сокинони шаҳри Душанбе бояд бо  рафтору кирдори намунавӣ, аз ҷумла, риояи одоби шаҳрнишинӣ, иҷрои талаботи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тозаву озода нигоҳ доштани хонаи худ ва атрофи он барои аҳолии  дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намунаи  ибрат бошанд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо даъват ба амал меорам, ки пойтахти  азизамонро сидқан дӯст дорем ва дар ободонию хуррамгардонии он якҷоя камари ҳиммат бандем»,- таъкид намуд М.Муинӣ.

Сипас дар назди иштирокдорони ҷамъомад  сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода  сабабу омилҳои афзоши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Синои пойтахтро  тавассути тасвир-слайдҳо  шарҳ дод.

Номбурда аз ҷумла, зикр кард, ки  аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кирдорҳои зиддиҳуқуқии дорои таъсири васеи ҷамъиятӣ  маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир шуда, сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи  мазкур назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт тамоюли зиёдшавӣ дошта, вазъи мазкур ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонанд.

Ш.Назарзода  ҳамчунин оид ба содиршавии ҳар як категорияи ҷиноят дар алоҳидагӣ бо овардани дилелҳо аз рафти тафтишот  ибрози андеша кард. Мавсуф дар ин замина аз масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон  дахлдори  ноҳияи Сино даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҳодисаҳои нангин,  аз ҷумла,  муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард тавассути баргузор намудани чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҳудуди ноҳия саҳм гузоранд.

Мавзӯи дигаре, ки дар мулоқот  мавриди муҳокима қарор гирифт –вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дарёфи роҳҳои ҳалли он, пешгирӣ ва дигар омилҳои таъсиррасони он  буд, ки бино ба иттилои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ин масъала то ҷое ташвишовар боқӣ мондааст.

Тибқи таҳлилҳои бадастомадаи  мақомоти милитсия, дур мондан аз назорати волидайн,  надоштани донишу ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ  боиси он  мегардад, ки  хонандагон дар аввал ба одитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ даст зада, пайроҳаи бадномкунандаи ҷиноятро ихтиёр менамоянд.

Дар  ҷамъомад  таъкид гардид, ки вазъияти бамаломада  падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа  диҳанд.
Шариф Назарзода  аз тамоми масъулин, махсусан  падару модарон ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки назоратро аз болои ноболиғон дурусттар ба роҳ монда, нагузоранд, ки фарзандони онҳо ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонанд. Зеро  таҳлилҳои тафтишотӣ  бозгӯи онанд, ки аз беназоратии онҳо  аксари наврасону ноболиғон ҷиноятро бо корду дигар ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда содир менамоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин расму наворҳо дар мавзӯъҳои  пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои авбошӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бемориҳои ҷинсии сироятшаванда ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону  ҷавонон  бо овардани далелҳо аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ  намоиш дода шуданд.

Дар вохӯрӣ   ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  баъди таъсиси гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷалби кормандони ботаҷриба фаъолияти он дар ноҳияи Сино ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дар ноҳия содиршуда ошкор карда шуданд.

Ба иттилои масъулини мақомоти милитсия, имрӯзҳо донишу маҳорат ва малакаи касбии кормандони милитсия басанда аст, ки аз ухдаи кушодани  ҷиноятҳо бароянд. Аммо   масъалаи афзоиш, маҳбасшавии ҷавонон  ва доғдор гардидани номи онҳо мақомоти милитсияро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ,  мебояд дар якҷоягӣ бо дигар табақаҳои ҷамъиятӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад.

Дар мулоқот  таъкид  гардид, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат  менамояд. Танҳо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва  баргузор намудани чорабиниҳои  амалӣ  метавон  пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлубро  дар ҷомеа гирифт.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намуд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд
Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд