Шукурҷон Зуҳуров бо Нуридин Исмоилов мулоқот намуд

Октябрь 8, 2019 10:22

ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд.

Дар доираи ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтои худ — Раиси палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров ба  ҳамтои худ барои даъвати боздид аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос кард.

Бешубҳа, омили муҳими робитаҳои дуҷонибаи парлумонӣ сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба шумор мераванд.

“Мо шодем, ки Шумо барои мо ин имконеро фароҳам овардед, ки расман аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид ба амал орем. Сафари Шумо ба Тоҷикистон ва боздиди мо аз Ӯзбекистон —  ин боз як нишондиҳандаи муносибатҳо дар сатҳи олӣ миёни ду давлат аст, ки ба он на танҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки робитаҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунанд.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав боло рафта, ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парламонӣ рушд кунанд. Онҳо дар оянда низ дар тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва фарҳангӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ нақши муҳим хоҳанд бозид”,-иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Халқҳои мо аз қадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиндагонӣ мекарданд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба имрӯз бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ бошанд.        Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қолаби СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар ташкилотҳои калидии байналмилаливу минтақавӣ дидгоҳҳои худро дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд.

Мо ба ин назарем, -гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки Ӯзбекистон шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ба мо лозим аст ин муносибатҳоро аз тариқи робитаҳои парлумонӣ тақвият бахшем. Мо аз тарафи худ барои робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари ӯзбек омодаем.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.

Пас аз мулоқот миёни Маҷлиси намояндагон ва Палатаи  қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Созишнома байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байнипарламентӣ» аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридинҷон Исмоилов ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон – роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, вакилони Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода, Ориф Ҳакимов, Мавзуна Шамсиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Эмомӣ иштирок намуданд.

Октябрь 8, 2019 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд